Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 куштаву 100 захмӣ. Шумори қурбониҳои мушакҳои русӣ дар Краматорски Украина афзоиш ёфт. ВИДЕО


 Истгоҳи роҳи оҳанги Краматорск. 8 апрели соли 2022
Истгоҳи роҳи оҳанги Краматорск. 8 апрели соли 2022

Шумори қурбониёни таркиши мушакҳои русӣ дар як истгоҳи роҳи оҳани Украина афзоиш меёбад.

Дар ҳамлаи мушакии Русия, ки як истгоҳи Роҳи оҳан дар шарқи Украинаро ҳадаф қарор дод ва онро президент Владимир Зеленский як ҳамлаи ҳадафмандона бар зидди афроди мулкӣ номид, 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои ширкати Роҳи оҳани Украина, ду мушаки русӣ ба истгоҳи Роҳи Оҳанги шаҳри Краматорск асобат кард. Ин истгоҳ барои берун бурдани сокинони мулкӣ аз минтақаҳои таҳти бомбаборони нирӯҳои Русия истифода мешавад. Зеленский дар изҳороташ гуфт: “Қувваву ҷасорати ҷанги рӯбарӯ бо моро надоранд ва хунсардона аҳолии мулкиро хароб мекунанд”. Ӯ афзуд, “ин душманест, ки ҳаддро намешиносад. Аз ин рӯ, агар ҷазо набинад, ҳеҷ гоҳ бас намекунад”.

Павло Кириленко, раиси маъмурияти низомии Донетск гуфт: "50 нафар кушта шуд, панҷ нафарашон кӯдак буданд. Ин омори қурбониёни ҳамлаи нирӯҳои ишғолгар ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск то ин соат аст". Ба иттилои ӯ, 12 нафар бар асари ҷароҳатҳо дар беморхона ҷон доданд ва 38 нафар дар саҳни истгоҳ. Ӯ огоҳ кард, ки эҳтимоли афзоиши шумори қурбониён вуҷуд дорад, чун 98 нафар, аз ҷумла 16 кӯдак маҷрӯҳ шудаанд.

Зеленский дар як муроҷиати видеоиаш ба парлумони Финляндия гуфт, ки лаҳзаҳое, ки ҳамла рух дод, нирӯҳои украинӣ дар он истгоҳ буданд. Дар наворҳои видеоӣ ва аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, дида мешавад, ки даҳҳо афроди мулкии кушташуда дар назди бору бағоҷи худ хобидаанд.

Шаҳрдори Краматорск Олександр Ҳончаренко гуфт, ки ҳангоми ҳамла дар истгоҳи Роҳи оҳан тахминан чор ҳазор нафар қарор дошт.

Вазорати дифои Русия даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад кард. Вале боқимондаҳои як мушаки азиме, ки дар танаш ба забони русӣ “барои фарзандони мо” навишта шудааст, дар канори як биное шубҳаҳо дар заминаи мансубияти онро кам мекунад.

Ҳамлаи бераҳмона ба истгоҳи роҳи оҳанги Краматорск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Як зане, ки дар сӯҳбат бо AFP гуфт, шавҳарашро мекобад, бо садои гиряолуда дар телефон гуфт, “ман ӯро ёфта наметавонам. Ӯ ҳамин ҷо буд”. Зани дигаре, ки дар ҳолати шок қарор дошт, гуфт, “ман дар истгоҳ будам. Ман таркиши дугонаро шунидам ва ба сӯи деворе шитофтам, то паноҳ барам”. Ӯ гуфт, “баъд вақте ба даромадгоҳи истгоҳ ворид мешудам, одамони хунолудро дидам. Ҷасадҳо дар ҳар тараф дар замин хоб буд”.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки субҳи имрӯз Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо, Жозеп Боррелл, дипломати калони аврупоӣ ва Эдуард Ҳегер, нахуствазири Словакия барои гуфтугӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский вориди Киев шуданд.

Вон дер Лейен дар Киев аз қатор фаромада тавассути Твиттер гуфт, ҳамла дар Краматорск “нафратовар” аст.

Дипломатҳои аврупоӣ гуфтанд, ки ҳадафи сафари онҳо кӯмакҳои тиҷоративу башарӣ ба Зеленский ва ҳукумаи ӯ мебошад.

Ҳегер гуфт, ки як бахши ин сӯҳбатҳо ба интиқоли гандум ва дигар маҳсулот ба Украина рабт хоҳад дошт. Украина таъминкунандаи азими гандум дар ҷаҳон буда, ҳуҷуми Русия ба Украина камбуди шадиди ин маҳсулотро дар ҷаҳон ва бахусус Ховари Миёна эҷод мекунад. Ӯ гуфт, ки мақомоти аврупоӣ мехоҳанд ба Украина дар эҷоди робитаҳои наздиктар бо Иттиҳоди Аврупо аз роҳи “эҷоди як тими ислоҳотӣ” мусоидат кунанд.

Ин нахустин сафари мақомоти баландпояи аврупоӣ ба Украина баъди ваҳшониятҳои ошкоршуда дар шаҳри Буча аст, ки эҳтимолан кори дасти сарбозони рус мебошад. Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми апрел эълон кард, ки бастаи панҷуми таҳримҳо алайҳи Русия, аз ҷумла дар бахши воридоти ангишт, чӯб, маҳсулоти кимиёӣ ва дигарҳоро ҷорӣ мекунад. Ин қарор ҳамчунин бандарҳои аврупоиро ба рӯи киштиҳои русӣ мебандад ва онҳоро аз ҳақи идомаи тиҷорат маҳрум мекунад. Таҳримҳои имрӯза инчунин чор бонки русӣ, аз ҷумла ВТБ-ро аз муомилаҳои пулии байналмилалӣ бозмедорад.

Кишварҳои ғарбӣ таҳрими Русияро вусъат мебахшанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Дипломатҳои аврупоӣ субҳи 8-уми апрел савори қаторе дар шаҳри Премисл, ки дар 13-километрии сарҳади Украина қарор дорад, вориди ин кишвар шуданд. Бо сабаби ҷанг парвозҳои ҳавоӣ ба Украина тавассути ҳавопаймо манъ аст.

Дар миёнаҳои моҳи март нахуствазирони Полша, Словения ва Ҷумҳурии Чех ҳам савори қаторе ба Киев рафта буданд. Ҳафтаи гузашта президенти парлумони Аврупо Роберта Метсола дар Украина буд.

Дар паи ошкоршавии даҳҳо ҷасад дар шаҳри Буча, ки дар канораҳои Киев мебошад, Ғарб таҳримҳояш алайҳи Русиро тақвият дод. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки дар Буча беш аз 300 нафар кушта ва 50 нафари онҳо эъдом шудаанд. Маскав ин иттиҳомҳоро рад мекунад.

Зеленский рӯзи 7-уми апрел гуфт, ки вазъ дар шаҳри дигар – Бородянка, ки дар шимолуғарби Киев ҷойгир аст ва батозагӣ аз дасти русҳо озод шудааст, “назар ба Буча боз ҳам сангинтар аст”.

Наворҳои видеоӣ аз Бородянка кори гурӯҳҳои наҷотбахшро намоиш медиҳанд, ки дар оворҳои як бинои азими тарконидашуда кор мекунанд. Эҳтимол меравад, ки дар зери ин харобаҳо садҳо нафар хок шудаанд.

Дар бахши низомӣ Киев хабар дод, ки русҳо бо тарки канораҳои пойтахт талош дорад дар қисматҳои шарқии Донетск ва Луҳанск ҷамъ шуда, назоратро бар ин минтақа такмил кунад. Ин минтақа аз соли 2014 ба ин сӯ зери назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия қарор дошт.

Шаҳри дигари муҳосирашудаи Мариупол, ки дар бандарҳои ҷанубии Украина қарор дорад, ҳамоно дар ҳолати инзиво мебошад. Бовар меравад, ки беш аз 100 ҳазор сокини он ҳоло дар муҳосира ба сар мебаранд.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки гулӯлаборонҳои шаҳрҳои шарқиву ҷанубии Украина аз ҷониби русҳо идома дорад ва нирӯҳои онҳо пештар аз шаҳри Изюм ҳаракат кардаанд.

Украина рӯзи 8-уми апрел гуфт, ки ният дорад 10 долони башариро барои берун бурдани мардуми мулкии дармонда таъсис диҳанд, вале сокиноне, ки мошин ва имконият доранд, худ талош мекунанд шаҳрро тарк кунанд. Муовини нахуствазири Украина Ирина Верешук гуфт, ки тамоми даҳ долони башарие, ки онҳо мехоҳанд таъсис диҳанд, дар ҷануб ва шарқи Украина эҷод хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар сӯҳбат бо радиои Би-Би-Си гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон омода ҳастанд, ки ба Украина бо силоҳ ёрӣ расонанд, ҳатто агар ҷанги Русия бо ин кишвар солҳо идома кунад. Ӯ гуфт, ки дар бораи силоҳҳое, ки кишварҳои ҷудогонаи узви НАТО тақдим мекунанд, сӯҳбат карда наметавонад, вале таъсири ин силоҳҳоро аз ҳоло дидан мумкин аст. Ӯ гуфт, ки муттафиқон омода ҳастанд, ки бо силоҳи бештар ва замонавӣ ёрӣ расонанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG