Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти ангишт, интиқоли пул, нақлиёт... Панҷум даври таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия


Шаҳри Бородянкаи Украина
Шаҳри Бородянкаи Украина

Иттиҳоди Аврупо  бастаи панҷуми таҳримҳо алайҳи Русияро барои шурӯи ҷангаш алайҳи Украина қабул кард ва ин навбат содироти ангишт манъ шуда,  тамоми бандарҳои аврупоӣ ба рӯи киштиҳои русӣ баста мешаванд.

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми апрел омадааст: «Ҳамроҳ бо чор бастаи қаблӣ ин таҳримҳо ба тақвияти фишорҳои иқтисодӣ болои Кремлин ва заъиф кардани тавони молии он дар ҳуҷуми Украина равона шудаанд». Изҳороти Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки таҳримҳои нав «васеътару сахттар буда, ба иқтисоди Русия амиқтар таъсир мерасонанд. Онҳо дар ҳамоҳангӣ бо шарикони байналмилалӣ қабул шудаанд». Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки таҳримҳои навбатӣ дар пеш ҳастанд.

Дар феҳристи таҳримҳои нав шаш бахши муҳим – соҳаи ангишти Русия, интиқолҳои пулӣ, налиёт, содироту воридот ва маҳрум кардани Русия аз шартномаву фондҳои аврупоӣ ёд мешаванд.

Русия рӯзи 24-уми феврал ҷанги беасосеро зидди Украина ба роҳ монд ва дар посух ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Русияро бо чандин бастаи таҳримҳо ҷазо доданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳадаф дар инзивои иқтисодӣ, молӣ ва дипломатӣ гузоштани Маскав мебошад. Таҳримҳои навбатӣ дар ҳоле ҷорӣ шуданд, ки далелҳои нав дар бораи ваҳшонияти нирӯҳои Русия дар Украина ошкор мешаванд.

Рӯзи 5-уми апрел президенти Украина Владимир Зеленский аз минбари Шӯрои амнияти СММ гуфт, ки артиши Русия ба «ҷиноятҳои ҷангии» сангинтарине роҳ дод, ки аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон дида нашудааст ва аз шӯро хост, ки Русияро ба ҷавобгарӣ кашад. Баъди ин рӯзи 7-уми апрел дар як овоздиҳӣ Маҷмаи кулли СММ Русияро аз узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башар берун кард. Дар таърихи ин ниҳод бори дуюм аст, ки чунин қароре қабул мешавад.

Дар ин халтаҳои пластикӣ ҷасади афроди мулкӣ ошкор шуд, ки баъди тарки Буча кардани нирӯҳои русӣ пайдо шуданд.
Дар ин халтаҳои пластикӣ ҷасади афроди мулкӣ ошкор шуд, ки баъди тарки Буча кардани нирӯҳои русӣ пайдо шуданд.

Дар ин ҷаласа аксарият аз даҳшатҳое ёд оварданд, ки дар шаҳри Буча рӯй додааст. Нирӯҳои русӣ то ҳафтаи гузашта дар Буча буданд. Мардум гуфтанд, ки шоҳиди кушторҳои бераҳмона ва шиканҷа буданд ва гӯрҳои дастаҷамъие ошкор шуд, ки дар он сокинони мулкии кушташударо гӯр кардаанд.

Рӯзи 8-уми апрел дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии русҳо дар истгоҳи Роҳи Оҳани шаҳри Краматорск, воқеъ дар шарқи Украина беш аз 30 нафар кушта ва бештар аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Раҳбарони Украина пешбинӣ мекунанд, ки бо тарки бештари нирӯҳои русӣ дар шаҳру манотиқи зери назари онҳо қарордошта ваҳшонияти бештаре ошкор мешавад. Баъди берун шудани русҳо биноҳои харобу валангоршуда, кӯчаву мошинҳои таркида ва ҳам ҷасадҳои сокинони мулкӣ ошкор мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG