Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар масҷиди шиаёни Машҳад: рӯҳонии дуюм даргузашт


Ҷавоне, ки бо гумони ҳамла дар масҷиди Имомризои Машҳад боздошт шудааст
Ҷавоне, ки бо гумони ҳамла дар масҷиди Имомризои Машҳад боздошт шудааст

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 7-уми апрел гуфт, ки дуюм рӯҳонии дар ҳамла ба ибодтагоҳи шиаён дар шаҳри шимолушарқии Машҳади Эрон маҷрӯҳшуда ҳам даргузашт. Хабари марги Муҳаммад Содиқ Дороӣ дар ҳоле нашр шуд, ки ҳазорҳо нафар дар маросими ҷанозаи қурбонии аввали ҳамлаи мусаллаҳона Ҳуҷҷатулислом Муҳаммад Аслонӣ иштирок карданд. Ҳамла дар масҷиди Имомризои Машҳад рӯзи 5-уми апрел рух дод ва дар ин ҳодиса нахуст Дороӣ ҷон дод. Табибон натавонистанд рӯҳонии сахт маҷрӯҳшударо наҷот диҳанд. Дар ин ҳодиса инчунин як рӯҳонии дигаре ҷароҳатҳои сахте бардоштааст ва табибон барои ҳифзи ҷони ӯ мубориза мебаранд.

Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон рӯзи 7-уми апрел гуфт, ки ҳодиса дар Машҳад “як амалиёти террористӣ” буд ва мақомот онро ҳатман таҳқиқ мекунанд. Ӯ гуфт, ки душманҳои Эрон дар андешаи эҷоди ихтилоф мебошанд.

Бино ба изҳороти аввалияи мақомоти эронӣ, ҳамлагари эҳтимолӣ як ҷавони 21-солаи узбектабор мебошад, ки, ба гуфтаашон, таҳти таъсири ақидаҳои “такфирӣ” даст ба ин кор задааст. Маъмулан дар Эрон ин истилоҳро барои тасвири тундгароҳои суннимазҳаб, аз ҷумла аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба кор мебаранд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамлагар аз бадбинии мазҳабӣ даст ба ин кор рафт. Аксар сокинони Эрон шиамазҳабанд.

Ҳамлагари эҳтимолӣ ва ҳам шаш нафари дигаре, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, боздошт шудаанд. Яке аз онҳо эҳтимолан бародари нафари ҳамлагар мебошад.

Оҷонсии нимарасмии “Тасним” ҳамлагарро Абдулатиф Муродӣ номидаст, ки соле пеш ғайриқонунӣ тавассути хоки Покистон ба Эрон ворид шудааст. Муродӣ ҳамроҳ бо бародараш дар бахши нақлиёт кор мекард. Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ аз мақомот талаб кард, ки ҷиноят пурра ва ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG