Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар Тошканд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ба хотираи Учқун Муродов, паҳлавони номдори узбек, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷараён дорад, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи ҷудои Узбекистон, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳудуди 500 варзишгар аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон), инчунин аз ду кишвари Аврупо (Гурҷистон ва Озарбойҷон) иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии "Универсал"-и Тошканд баргузор шуд, вазири рушди варзиши Узбекистон Адҳам Икромов ба иштироккунандагон комёбиҳо орзу кард.

Дар мусобиқа миёни наврасон, ки рӯзҳои 5-6-уми апрел сурат гирифт, мунтахаби Узбекистон бо касби 10 медали тилло, 9 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввлро соҳиб шуд.

Мунтахаби Қазоқистон, ки 2 медали тилло, 5 нуқра ва 11 биринҷӣ гирифт, мақоми дуюмро азони худ кард. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ сеюм шуд.

Мунтахаби Озарбойҷон ду медали тилло, дастаи Қирғизистон як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гирифтанд. Вале гуштгирони навраси тоҷик натавонистанд медал ба даст биёранд.

Рӯзи 7-уми апрел мусобиқа миёни ҷавонон шуруъ шуд, ки шоми имрӯз, 8-уми апрел, ба поён мерасад. Рӯзи панҷшанбе дар ҳамаи вазнҳо -60, -66, -73 кг байни ҷавонон, инчунин -48, -52, -57 ва -63 кг миёни духтарон мизбонон – варзишгарони узбек – ғолиб шуданд.

Ду варзишгари тоҷик - Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66 кг ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни -73 кг – барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

9 паҳлавони дигари тоҷик - Муҳаммадиқбол Тошов, Суннатулло Лоиқов, Кароматулло Мирзоев, Музамир Каримзода (ҳарчор дар вазни – 81 кг), Муҳсин Малаев, Сомонӣ Кишваров (ҳарду дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон, Эмомризо Анварзода (ҳарду дар вазни -100 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродоа дар вазни +100 кг – рӯзи 8-уми апрел ба рақобат пардохтанд.

XS
SM
MD
LG