Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории наве ба сокинони Сурия "ҷанг" эълон кардааст


Кӯдаке дар хиёбонҳои шаҳри Тали Тамир дар соли 2015.

Ин бемории "лейшманиоз" аст, ки ҳам кӯдакону ҳам калонсолонро бисёр озор медиҳад ва доғи амиқе ҳам рӯи пусти инсон мегузорад.

Сокинони Тали Тамир дар шимоли Сурияро густариши бемории хатарноки лейшманиоз ба танг овардааст. Ин маризӣ аз заҳри неши пашшаи хокӣ пайдо мешавад, пӯст обила мекунад ва ба аъзои дарунӣ осеб мерасонад. Дар даҳ соли ҷанги Сурия, бемории сироятӣ ҷанги худро бо сокинони маҳаллӣ эълон кардааст.

Мутахассисони тиб мегӯянд, ки як сабаби доман паҳн кардани ин беморӣ дар шароити ғайрисанитарӣ аст, ки дар натиҷаи ҷанг дар ин маҳал ба вуҷуд омадааст. Набуди тозагӣ, оби равони соф ва дастрасӣ ба маводи беҳдорӣ вазъро нигаронкунанда мекунад.

Имод Ҳасан як корманди Салиби Сурхи Курдистон аст. Ӯ мегӯяд: “Сабаби беморӣ наздикии шаҳр ба наҳри Хобур аст. Наҳр дар ҳоли хушк шудан аст ва оби олудаи он сабаби афзоиши ҳашароту пашшаи хокӣ мешавад, ки лейшманиоз ро паҳн мекунанд.”

Танҳо дар як шифохонаи маҳаллӣ 13 ҳазор нафар бо як диагноз бистарӣ шудаанд – онҳо гирифтори лейшманиоз ҳастанд. Ин шумор беморон чоряк ё 25 дарсади аҳолии шаҳракро ташкил медиҳад. Азбаски теъдоди гирифторон рӯз ба рӯз меафзояд, табибон бим доранд, ки вазъ аз назорат берун мешавад.

Ҷамил Тайро, як сокини шаҳри Тали Тамир мегӯяд: “Хурду калон бемор мешаванд. Қариб дар ҳар як оила як нафар бемор аст. Онҳо мегӯянд, ки сабаби афзоиши беморӣ хушксолӣ аст, ки мо дар ин деҳоти наздик ба наҳри Хобур дучор омадаем.”

Табибон мегӯянд, муолиҷаи бемории сироятӣ ҳашт марҳила дорад ва беморон ҳафтае ду бор табобат мегиранд. Дар ин авохир бештар кӯдакон гирифтор шудаанд.

Видод Муҳаммад модари ду тифли бемор аст. Ӯ мегӯяд, аввал духтари калонӣ ва баъд духтари хурдиаш ба ин беморӣ олуда шуданд. Ҳоло табобати духтарони ин зан зери назари табибон дар шифохона мегузарад.

Ба сабаби доруву давои кам, муттасаддиёни шифохона ба созмонҳои хориҷӣ муроҷиат кардаанд, ки барои маҳви беморӣ ба онҳо кумак кунанд.

Мутахассисони тиб дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, ки лейшманиоз аз гурӯҳи ба истилоҳ бемориҳои фаромӯшшуда мебошад, вале тавре намунаи Сурия нишон медиҳад, баробари барҳам хӯрдани низоми беҳдории танзимшуда, метавонад дубора хуруҷ кунад. Ин беморӣ инчунин хусусияти иҷтимоӣ дорад ва фақру бенавоӣ як хатари аслии пайдоишу паҳн шудани ин сироят гуфта мешавад. Шароити номусоиди маишиву зист, набуди тозагиву санитария, набуди системаи корез ва канализатсия боиси дар як ҷо ҷамъ шудани пашшаҳо мешавад. Инсон ҳатто дар ҳолати хоб дар ҳавои тоза ё рӯи замин ҳам метавонад аз пашшаи олудашуда сироят ёбад ва бемор шавад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG