Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домана дубора дар Бохтар сар бардошт ва панҷ нафарро аз пой афканд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи хуруҷи бемории домана дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар 5 зану кӯдак бистарӣ шуданд. Бо тасмими мақомоти беҳдоштӣ, пизишкон хона ба хона гашта, сокинонро аз назари эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ ташхис мекунанд. Бо машварати пизишкон, тақрибан 70 сокини вилояти Хатлон барои санҷиши эҳтимоли гирифторӣ ба домана ба бемористон фиристода шуданд.​

Тасдиқи вуҷуди домана дар организми 5 сокини Хатлон мояи нигаронии табибон аст

Бори аввал дар Тоҷикистон бо бемории домана, ки бештар хоси иқлими тропикӣ гуфта мешавад, дар солҳои бебандубориҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯбарӯ шуданд. Дар авҷи шадиди хуруҷи беморӣ ё эпидемияи домана соли 1997 беш аз 5 ҳазор нафарро сироят карда буд. Сабаби сирояти шумори зиёди мардум дар истеъмоли оби ифлос, боришоти зиёд ва адами риояи меъёрҳои беҳдорӣ буд. Солҳои 1990-ум ва оғози 2000-ум созмонҳои байналмилалӣ миллионҳо долларро барои муқобилаи сохторҳои беҳдоштӣ бо доманаву вараҷа ихтисос доданд.

Домана дубора дар Бохтар сар бардошт ва панҷ нафарро аз пой афканд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ангезаи бемории чанд сокини Хатлонро ба домана дар ин охирҳо ҳам табибон ба истеъмоли оби дарё рабт медиҳанд.

Саидҷон Раҳимов, сардори идораи санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон хуруҷи ин бемориро дар ноҳияи Бохтар тасдиқ карда гуфт, ки ошкор шудани домана дар организми 5 сокини Хатлон мояи нигаронии табибон аст. Вай гуфт: "Ваъзияташон муътадил мебошад, дар назорат қарор доранд. Дар инҷо обҳои зеризаминӣ нест. Оби дарёи Вахш тариқи лӯлаҳо меояд, ки ҳамин сабаби беморӣ шудааст”.

Саъдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хатлон, рӯзи 21 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси пешакӣ эҳтимоли вуҷуди маризӣ дар тани 70 нафари дигарро ҳам ошкор карда, ҳамаи онҳо барои санҷиши тиббӣ ба бемористон ирсол шуданд. Маллазода ҳам сабаби хуруҷи доманаро ба истеъмоли оби канали ин маҳал рабт дод.

Табибон мегӯянд, дар гармии шадиди ҳаво бактерияҳои беморӣ зуд паҳн мешаванд ва дар чунин шароит сокинон, бахусус кӯдакон бояд фавқулодда эҳтиёткор бошанд. Яке аз роҳҳои эҳтиёт – истеъмоли оби аз пеш ҷӯшондашуда ва худдорӣ аз оббозӣ дар обҳои нопок мебошад. Бактерияи домана рӯдаи поёнии ҷисми инсонро сироят карда дар сурати адами муолиҷа, бо марги инсон меанҷомад. Табобати бемор дар шароити бемористон на камтар аз се ҳафта идома мекунад.

Дар соли ҷорӣ бори аввал аст, ки дар вилояти Хатлон мавридҳои гирифторӣ ба домана сабт мешавад. Мақомоти беҳдошт мегӯянд, бори охир дар вилоят соли 2015 ду нафар аз ин беморӣ ранҷ кашидаанд.

Тобистони Хатлон дар муқоиса ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон гармтар аст ва эҳтимоли хуруҷи бемориҳо бештар вуҷуд дорад. Тобистони соли гузашта дар ҷамоати “Бохтариён”-и вилояти Хатлон ду ҳолати марги сокинон бар асари табларза сабт шудааст.

Ҳоло бо дастури Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, кормандони тибби маҳаллӣ хона ба хона гашта вазъи сиҳҳатии аҳолиро месанҷанд ва дар сурати пайдо шудани шубҳа сокинонро барои тахшиси тиббии клиники мефиристанд.

XS
SM
MD
LG