Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мумкин аст, ба зидди Русия таҳримҳои дигар ҷорӣ шавад


Буча, канори Киев
Буча, канори Киев

Дар пасманзари гузоришҳо дар бораи ҷинояти эҳтимолии ҷангӣ аз ҷониби нерӯҳои Русия дар Буча ва манотиқи дигари Украина, Маскав бо маҳкумияти афзояндаи байнулмилалӣ дучор шуд.

Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, рӯзи 3-юми апрел дар паёме дар Твиттер гуфт, Русия бо "таҳримҳои дигари Иттиҳоди Аврупо" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Вай афзуд, аз тасвирҳое, ки баъди рафтани артиши Русия аз шаҳри Буча гирифтаанд, ба ҳайрат афтодааст.

Вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиз Трасс дар изҳороте гуфт, ҳукумати ӯ "далелҳои зиёдеро дар бораи амалҳои даҳшатноки нерӯҳои истилогар дар шаҳрҳое ба монанди Ирпин ва Буча" дидааст.

Анатолий Федорук, шаҳрдори Буча, канори Киев, рӯзи 2-юми апрел гуфт, нерӯҳои Русия дар як моҳе, ки шаҳрро дар ихтиёр доштанд, ҳудуди 300 ғайринизомиро куштаанд. Ӯ афзуд, "тақрибан 280 нафарро ба гӯри дастаҷамъӣ партофта, боқимондаро дар кӯчаҳо мондаанд."

Тасвири ҷасадҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд.

Русия ба ин хабарҳо вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG