Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина системаҳои лазерии мушакӣ ва аслиҳа медиҳад


Ҷон Кирби сухангӯи вазорати дифои Амрико дар бораи кумакҳои иловагии амниятӣ ба Украина хабар дод.
Ҷон Кирби сухангӯи вазорати дифои Амрико дар бораи кумакҳои иловагии амниятӣ ба Украина хабар дод.

Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки барои тақвияти қобилиятҳои мудофиавии Украина бо арзиши 300 миллион доллар ба “кумакҳои амниятӣ” мерасонад.

Ҷон Кирби, сухангӯи вазорати дифои Амрико рӯзи 1-уми апрел гуфт, системаҳои лазерии мушакӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, мошинҳои зиреҳпӯш, дурбинҳои шабона, аслиҳа ва доруву даво аз ҷумлаи ин кумакҳо хоҳанд буд.

Ӯ афзуд, қарор дар бораи кумакҳо, нишондиҳандаи “Азми қотеъи Амрико барои ҳимоят аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина ва талошҳои қаҳрамононаи он барои рафъи ҷанги Русия аст.”

Баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал, Амрико ба Украина бо арзиши 1.6 миллиард доллар кумакҳои амниятӣ расонидааст.

XS
SM
MD
LG