Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои русӣ бо ҳавопаймоҳои "Сухой" ба Узбекистон мераванд


Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳои иқтисодӣ ва молии Ғарб шудаанд, метавонанд, бо ҳавопаймоҳои истеҳсоли Русия -- Sukhoi Superjet 100 -- ба Узбекистон парвоз кунанд. Пештар ин ширкатҳо бо ҳавопаймоҳои Boeing ва Airbus парвоз мекарданд.

Ҳавопаймоҳои навъи Sukhoi Superjet 100 наметавонанд, масофаи бештар аз 3 ҳазор километрро тай кунанд.

Анҷом додани парвоз аз Маскав ба Тошканд бо чунин навъи ҳавопаймоҳо номумкин аст. Ба ин далел, ба гуфтаи мутахассисон, ширкатҳои русӣ аз минтақаҳои ҷанубии Русия ба Узбекистон парвоз хоҳанд кард.

Рӯзи 28-уми март ширкати русии "Азимут" хабар дод, ки барои анҷом додани парвоз дар самти Самарқанду Урганҷ аз Краснодар, Ростови лаби Дон ва Обҳои Минералӣ иҷозат дарёфт кардааст. Аммо маълум нест, парвозҳо кай шуруъ хоҳанд шуд.

Рӯзи 29-уми март ширкати ҳавопаймоии дигари Русия Redwings парвозҳои доимиро аз Махачқалъа ба Тошканд шуруъ кард. Хабаргузории ТАСС иттилоъ дод, ки дар ин самт ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet 100 парвоз мекунанд.

Пештар аз ин ширкати "Аэрофлот"-и Русия ҳам гуфта буд, ки парвозҳои мустақимро аз Сочӣ ба Урганҷ, Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва Фарғона бо ҳавопаймоҳои Sukhoi Superjet 100 ташкил кардааст.

Кишварҳои ғарбӣ ба далели ҳамлаи Русия ба Украина, нисбати ширкатҳои ҳавопаймоии Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Дар натиҷа ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тақрибан бе ҳавопаймо монданд. Қатъи парвози ширкатҳои Русия ба Узбекистон боиси якбора боло рафтани қимати билетҳо дар самти парвози мазкур шуд.

Sukhoi Superjet-100 - нахустин ҳавопаймои мусофирбари русӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии СССР дар Русия сохта шудааст. Нахустин парвози ин навъи ҳавопаймо моҳи майи соли 2008 сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG