Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду назар аз Тоҷикистон ба танқидҳои Афви Байнулмилал. ВИДЕО


Абдумалик Қодиров ва Сайфулло Сафаров

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши Афви Байнулмилал ё Amnesty International, ки вазъи ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда арзёбӣ кардааст, яксон нест. Иддае бо хулосаҳои гузориш ҳамнавоянд, вале баъзеи дигар "аз будаш зиёд" мешуморанд.

Назорати шадиди расонаҳо дар замони пандемияи COVID-19, рабудан ва зиндонӣ кардани дигарандешони сиёсӣ, худдорӣ аз додани иттилоъ дар рӯзҳои ҷанҷоли байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, дастрасӣ ба макон ва худи паноҳандагони афғонистонӣ аз ҷумлаи мушкилоти вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2021 ном бурда мешавад, ки созмони Афви Байнулмилал дар гузориши солонаи худ зикр кардааст. Гузориш 29-уми марти имсол нашр шуд.

Пинҳонкорӣ дар бораи COVID

Ба гузориши созмон, ҳукумати Тоҷикистон иттилоъро дар бораи паҳншавии бемории COVID-19 таҳти назорати ҷиддӣ гирифта буд ва ҳам асари онро ба саломати мардум кам нишон дод. Дар натиҷаи ин гуна амалиёт, барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ ва ҳифзи сиҳҳатии мардум чораҳои муфид дертар рӯи даст гирифта шуданд ва бино бар он ҳосили камтаре доштанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 29-уми март гуфт, арзёбиҳои созмон аз воқеиятҳои Тоҷикистон гирифта шудааст. “Соли 2021, хусусан давраи пандемия, барои рӯзноманигорон хеле душвор буд. Ягон манбаи расмӣ надоштанд, ки маълумот гиранд. Дар сурати ғайрирасмӣ пахш кардани маълумот, бахусус дар мавриди пандемияи COVID-19, ҷазо мегирифтанд. Ин вазъ кори рӯзноманигоронро хеле душвор кард," – шарҳ дод ӯ.

Аммо баъзе аз таҳлилгарони наздик ба ҳукумат бар инанд, ки гузориши Афви Байнулмилал дар ин робита мунсифона нест.

Ба қавли Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тоҷик, мақомот дар аҳди пандемияи COVID-19 аз шеваҳое кор гирифтанд, ки дар муқоиса ҳатто ба кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ “натиҷаи сареъ ва мусбат дод”. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти тоҷикро борҳо барои пинҳонкорӣ дар мавриди омори қурбониёни COVID-19 ва шахсони мубтало ба беморӣ танқид кардаанд.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Вокуниши тоҷикон ба хулосаҳои Amnesty International
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Чаро Тоҷикистон “сукут” меварзад?

Дар интиҳои моҳи апрели соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона сар зад, ки бар асари он аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд. Ба гузориши Афви Байнулмилал, мақомоти Тоҷикистон иттилои заруриро сари вақт ба расонаҳо ва ҷомеа пешниҳод накарданд.

Таҳлилгар Абдумалик Қодиров ин бахши ёфтаҳои созмонро низ асоснок номида, мегӯяд, "ҳамаи ин сабаб мешавад, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар инзивои иттилоотӣ қарор мегирад ва ин ҳеч оқибати хуб надорад.”

Агар мо сарҳадро кушода монем, дар Афғонистон 15 миллион тоҷик аст ва агар як қисмашон ҳам биёянд, дар Тоҷикистон ҷой намемонад.
Сайфулло Сафаров

Ба назари Сайфулло Сафаров, баъзе маҳдудиятҳо дар мавриди даргириҳои марзӣ низ ба нафъи кор аст. Вай гуфт, “паҳншудани баъзе аз овозаҳои дурӯғ, баъзе андешаҳои ғалат, метавонад, зиддиятҳоро байни мо ва қирғизҳо зиёд кунанд. Аз ин сабаб аз солҳои пеш ҳукумат қарори махсус дорад: доир ба масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон набояд ҳар нафар мусоҳиба диҳад ва набояд ҳар нафар овоза паҳн кунад."

Баъзе хабарнигорони тоҷик борҳо нигаронӣ кардаанд, ки ҳангоми сар задани нооромиҳо дар марз мақомоти кишвар аз пешниҳоди иттилои дақиқ худдорӣ мекунанд ва чунин бархӯрд кори онҳоро низ душвр кардааст.

“Агар як қисми тоҷикони Афғонистон биоянд...”

Гузоришгарони Афви Байнулмилал масъалаи қабули паноҳҷӯёни афғонро аз сӯи мақомоти тоҷик мавриди танқид қарор додаанд. Дар гузориши созмон гуфта шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2021 эълон кард, ки ба қабули 100 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон омода аст. Вале моҳи сентябри ҳамон сол вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки ҳукумат барои қабули паноҳандагони зиёде имконият надорад.

Сиёсташинос Сайфулло Сафаров мегӯяд, тасмимҳои мақомоти тоҷик дар қиболи гурезаҳои афғон дуруст буд ва гузориши созмони Афви Байнулмилал дар ин маврид одилона нест. "Агар мо сарҳадро кушода монем, дар Афғонистон 15 миллион тоҷик аст ва агар як қисмашон ҳам биёянд, дар Тоҷикистон ҷой намемонад. Бинобар ҳамин, мавқеи ҳукумати Тоҷикистон дуруст аст, ки фақат зану кӯдаконеро, ки дар ҳолати бисёр вазнин буданд, гузаронданду бас. Дигарҳоро гуфтанд, ки равед, ватанатонро ҳимоят кунед, обод кунед," – афзуд ӯ.

Созмон: “Вазъ нигаронкунанда мондааст”. Мақомот: “Не”

Дар гузориши солонаи созмони Афви Байнулмилал омадааст, ки дастрасии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ ба ҳуқуқу адолат ҳамоно мушкилии зиёд дорад.

Ҳамчунин соли гузашта дар Тоҷикистон мавридҳои истифода аз шиканҷа ва муносибати дигари бераҳмона зиёд паҳн шудааст, вале иттилоъ дар ин замина кофӣ нест. Афви Байнулмилал мегӯяд, фаъолони мухолиф ва мунтақидони ҳукумат боздошт ва ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ мешаванд. Ин мавридҳо дорои ангезаи сиёсӣ дониста мешавад, вале ҳукумат онҳоро ҷиноӣ мешуморад.

Дар умум, вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2021 бар асоси гузориши Афви Байнулмилал ҳамоно нигаронкунанда мондааст. Вале мақомоти Тоҷикистон ин ва гузоришҳои дигарро дар гузашта ва ҳоло дур аз воқеият мепиндоранд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG