Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. HRW: "Бадтар шудааст". Омбудсмен: "Беҳбуд ёфт" ВИДЕО


Умед Бобозода дар нишасти хабарии 3-юми феврали 2022
Умед Бобозода дар нишасти хабарии 3-юми феврали 2022

Дар ҳоле ки созмонҳои байнулмилалӣ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон "бадтар" ва "ташвишовар" дониста, борҳо мақомотро барои маҳдуд кардани озодиҳои бунёдии одамон танқид кардаанд, Омбудсмени тоҷик аз беҳбудӣ дар ин бахш хабар дод.

"Ҳосили санҷиш". Дар куҷо?

Омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "соли гузашта вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар дар муқоиса ба солҳои пеш беҳбуд ёфтааст."

Ба қавли ӯ, пас аз назорату санҷиши баъзе аз идораҳо, аз ҷумла қисмҳои ҳарбӣ, тавқифгоҳҳо ва мактабу хонаҳои ятимон ба чунин хулоса расиданд. "Соли 2021 бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи инсон... дар умум 33 мониторинг, 27 санҷиш ва 10 сафар анҷом дода шуд," – афзуд ӯ.

Аммо дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки санҷишу мониторинг чӣ камбудҳоеро дар заминаи нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар ошкор намуд, посухи дақиқ дода нашуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Оё воқеан дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар беҳбуд ёфтааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Беҳбуд ёфтани вазъи ҳуқуқи одамон аз забони Омбудсмен дар ҳоле садо медиҳад, ки созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар гузориши солонааш гуфт, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон назар ба гузашта бадтар шудааст. Гузориш моҳи декабри соли 2021 нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ки шароити бади зиндон ва шиканҷа дар он давом дорад ва маҳбасҳо ҳамчунон пуриздиҳом ҳастанд ва зиндониён маъмулан дучори бадрафторӣ мешаванд.

Чунин арзёбиро намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон бепоя хонданд. Муқим Ашӯров, корманди Идораи Омбудсмен дар Тоҷикистон, мегӯяд, 5 шикоятро дар бораи шиканҷа дар зиндонҳо санҷиданд, вале тасдиқ нашуд.

Дар гузашта намояндагони мухолифини ҳукумат дар Аврупо аз шиканҷа шудани наздиконашон дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаронӣ доштанд. Онҳо хулосаи Омбудсменро қабул надоранд, чун ба гуфтаашон, ба шаффофияти санҷишҳои ин идра бовар намекунанд.

Баҳси набудани Интернет дар ВМКБ

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузориши солонааш мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани рӯзноманигорону блогерҳо танқид карда буд. Дар бештар аз ду моҳи охир нигарониҳо аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ садо медиҳад.

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, гуфт, "он ҷо ҷиноят содир шуда буд, бино бар ин , муваққатан Интернетро маҳдуд карда буданд. Сохторҳои давлатӣ, хусусан бонкҳо, Интернет доранд ва бовар дорам, рӯзҳои наздик масъала ҳалли худро меёбад."

Ҳарчанд масъулони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қатъи Интернетро дар Бадахшон қонунӣ меҳисобанд, баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Нигина Баҳриева, мудири созмони “Нотабене”, мегӯянд, набудани Интернет дар вилоят “хилофи қонун аст”.

Арзёбиҳои гуногун, чаро?

Таҳлилгарон бар инанд, ки мухолифат дар баҳогузорӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар миёни Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон эҳтимол ба шеваи баҳогузорӣ рабт дорад. Вале ба назари онҳо воқеият ин аст, ки вазъи риояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон беҳтар нашудааст.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, рӯзи 3-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Омбудсмени тоҷик ҳарчанд идораи мустақил бояд бошад, вале аз ҳисоби ҳукумат маош мегирад ва ҳеч гоҳ амалкардҳои мақомотро дар заминаи поймол кардани ҳуқуқ инсон танқид намекунад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

“Созмонҳои байнулмилалӣ ҳар факт, барои мисол, истирдоди баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ ва лидерони Бадахшон аз Русия ва бо ҳар баҳона ҷарима шудани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро бо далелҳояш сабт карда, сипас баҳо медиҳанд. Фикр намекунам, дар Тоҷикистон ягон сохторе ҳамаи ин ҳодисаҳоро ҳисобу китоб ё сабт кунад ва дар натиҷа хулоса диҳад," – афзуд Абдумалик Қодиров.

Вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷиистон дар гузашта низ борҳо аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша иддаои бадтар шудани вазъи озодиҳо дар кишварро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG