Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, интернетро ба Бадахшон баргардонад


Интернетро дар Хоруғ баъди ҳамин тазоҳурот қатъ карданд

Платформаи «Ҳамрайъии шаҳрвандӣ», ки аз созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва 33 кишвари дигар иборат аст, дар як изҳорот аз барқарор нашудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардаанд. Фаъолон аз мақомоти тоҷик талаб доранд, ки фавран дастрасӣ ба интернетро дар вилоят барқарор кунанд.

Дар пайи эътирози сокинон дар моҳи ноябри соли гузашта дастрасӣ ба интернет ба Бадахшон қатъ шуд. Мақомот дар ин замина ҳеч шарҳе намедиҳанд ва рӯшан нест, ки интернет барои сокинон кай дастрас мешавад.

Изҳороти платформаи “Ҳамрайъии шаҳрвандӣ” рӯзи 28-уми январ пахш шуд ва дар зери он намояндагони 43 ташкилоти ҷамъиятӣ аз Тоҷикистон, Украина, Булғористон, Гурҷистон, Русия, Олмон, Арманистон, Лаҳистон, Озарбойҷон, Белорус, Ҳолланд, Литва, Қирғизистон, Белгия, Қазоқистон, Македонияи Шимолӣ, Норвегия, Молдова ва Шветсия имзо гузоштаанд.

Дар изҳорот омадааст, қатъ шудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Бадахшон “поймол шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аст, ки ба гуфтаи фаъолон, барои соҳаҳои иқтисод, савдо, тандурустӣ ва маориф паёмадҳои ҷиддӣ дорад.

«Дастрасӣ ба интернет аз рӯзи 25 ноябри соли 2021 баъд аз оғоз шудани тазоҳурот дар маркази шаҳри Хоруғ қатъ шуд. То имрӯз ба истиснои баъзе аз идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бонкҳо, барои ҷомеа, намояндагиҳои ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Фонди Оғохон, Барномаи ҷаҳонии озуқа, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳо дастрасӣ ба интернет баста аст,” - омадааст дар изҳорот.

Ду моҳ бе интернет

Бо гузашти ду моҳ аз қатъи интернет, мақомот дар масъалаи барқарор кардани он дар вилоят вокуниш накардаанд. Ба назар мерасад, талабҳои зиёди сокинони Бадахшон тасмими мақомотро дар ин бора тағйир надодааст ва мақомот таваҷҷуҳи зарурӣ ба масъала надоранд.

Талошҳои мо барои гирифтани назар аз Хадамоти алоқа ва ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 28-уми январ бенатиҷа буд. Радиои Озодӣ талош мекунад, рӯзи 31-уми январ дар ҷараёни нишасти матбуотии Хадамоти алоқа масъалаи барқарор кардани дастрасӣ ба интернет дар вилоятро бо масъулини ин ниҳод дар миён гузорад.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон давоми ду моҳи ахир чанд маротиба аст, ки барқарор кардани дастрасӣ ба интернетро талаб доранд. Чун ба гуфтаи фаъолон, барқарор кардани интернет яке аз ваъдаҳои мақомот дар охири моҳи ноябри соли гузашта буд.

Хуҷамрӣ Пирназаров, масъули дафтари матбуотии "Комиссияи 44", гуруҳе аз фаъолони маданӣ, рӯзи 28-уми январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар набудани интернет мардуми вилоят дар як бунбасти иттилоотӣ афтодаанд ва намедонанд, ки дар атроф чӣ мегузарад.

“Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бонкҳо ҳастанд, ки интернет надоранд. Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, наметавонанд дар дарсҳо ширкат кунанд. Донишҷӯён маҷбур мешаванд, барои дастрасӣ ба интернет Душанбе раванд. Барқарор нашудани интернет мардумро сахт нигарон кардааст, ки имрӯз ё пагоҳ боз амалиёти ҳарбӣ сар мешавад,”- гуфт ӯ.

Қатъи интернет мухолифи қонунҳои дохилӣ

Аъзои платформаи “Ҳамрайъии шаҳрвандӣ” дар изҳороти худ ҳамчунин навиштаанд, ин бори авввал нест, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ ва нооромӣ, дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон қатъ мешавад.

«Дар солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон борҳо дастрасӣ ба интернетро маҳдуд карда ва гуфтааст, ин кор барои ҳифзи амнияти мардум ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии маълумоти бардурӯғ зарур аст. Дар мавриди маҳдудияти феълии дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ мақомот дар мавриди сабаб ва идомаи маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет ҳеҷ гуна тавзеҳот надодаанд,”-омадааст дар изҳороти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Қонунгузории Тоҷикистон ба мақомот иҷозат додааст, ки дар ҳолатҳои фавқуллода ё изтирорӣ, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунад, бидуни иҷозаи додгоҳ, дастрасӣ ба интернетро қисман ва ё пурра маҳдуд кунанд. Вале намояндагони платформаи “Ҳамраъйии шаҳрвандӣ” навиштаанд, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вазъи фавқуллода ҷорӣ нашудааст ва ин гуна маҳдудият мухолифи қонунгузории байналмилалӣ ва ҳам дохилӣ аст.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз моҳи ноябр дар сархати хабарҳо аст. Рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта ба дунболи кушта шудани сокини вилоят Гулбиддин Зиёбеков дар амалиёти мақомоти қудратӣ, гуруҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа дар майдони марказии шаҳри Хоруғ тазоҳурот карданд.

Эътирози сокинон чаҳор рӯз идома кард ва бо як созиши фаъолони вилоят ва мақомот ба анҷом расид. Мақомот ба эътирозгарон ваъда доданд, ки марги Гулбиддин Зиёбеков таҳқиқ шуда, интернет барқарор мешавад. Ваъдаҳое, ки ба гуфтаи намояндагони “Комиссияи 44” то ҳол иҷро нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG