Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мақомот хостанд, Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд


Амриддин Аловатшоев
Амриддин Аловатшоев

Баъзе аз фаъолони зодаи Бадахшон дар Русия бо роҳандозии як маърака аз мақомот хостаанд, ки ба қазияи Амриддин Аловатшоев равшанӣ андозанд.

Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав, ки мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро "аъзои гуруҳи ҷиноӣ" ном мебаранд, беш аз ду ҳафта боз дар Русия "нопадид шудааст".

Манобеи Озодӣ ва наздиконаш мегӯянд, Амриддин Аловатшоев ба Душанбе оварда шудааст, аммо мақомот хабари боздоштро рад мекунанд. Мақомоти Русия низ то ҳол дар мавриди нопадид шудани ӯ вокунише накардаанд.

“Амриддинро ба мо нишон диҳед” бо ин ном тайи ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори зиёде нашр шудаанд.

Дар муроҷиатҳо аз он нигаронӣ мешавад, ки ду ҳафта боз дар бораи Амриддин Аловатшоев ва макони будубоши ӯ касе хабар надорад. Онҳо мегӯянд, “Амриддин на ҷинояткор аст, на сиёсатмадор.”

“То бародари моро озод накунед, хомӯш намеистем,” – гуфтааст яке аз муроҷиаткунандаҳо дар навори видеоии худ.

Дар ин маърака дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷонибдорӣ аз Амриддин Аловатшоев беш аз 20 нафар садо баланд кардаанд.

Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ асосан дар Русия мезист ва, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.

Ораз Вазирбеков, яке аз роҳбарон ва фаъолони зодагони Бадахшон дар Маскав пештар ба Радиои Озодӣ гуфт, бино бар иттилои ӯ Аловатшоевро рӯзи 13-уми январ ба Душанбе бурдаанд ва ӯ “дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Душанбе қарор дорад." Масъулони дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбати бо Озодӣ гуфтанд, ин ниҳод дар бозгардондани Амриддин Аловатшоев аз Русия даст надорад.

Дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 номи Аловатшоев ҳам дар қатори номи ба истилоҳ роҳбарони ғайрирасмӣ мисли Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков, гирифта шуд.

Шахсони наздик ба ӯ 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мешуд.

XS
SM
MD
LG