Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амриддин Аловатшоев, ширкаткунандаи гуфтушунид бо сафири Тоҷикистон дар Русия, "нопадид шудааст"


Амриддин Аловатшоев

Амриддин Аловатшоев, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро "аъзои гуруҳи ҷиноӣ" ном мебаранд, дар Русия "нопадид шудааст".

Афроди наздик ба ӯ 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таъқиб мешуд ва "эҳтимол ӯро ду рӯз пеш дастгир кардаанд". Вай яке аз иштирокдорони гуфтушунид бо сафири Тоҷикистон буд. Мақомоти Русия расман хабар надодаанд.

Pamir Daily News, пойгоҳи хабарие, ки бештар ҳаводиси Бадахшонро бозтоб медиҳад, 12-уми январ бо такя ба манобеаш навишт, ки "ӯ рабуда шудааст" ва эҳтимол ба Тоҷикистон оварда шавад.

Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди эҳтимоли ба Тоҷикистон оварда шудани Амриддин Аловатшоев изҳори бехабарӣ карданд. Як корманди раёсат гуфт, "номи Аловатшоев дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ нест". Нусратуллоҳ Маҳмадзода, сухангӯи ВКД, гуфт, аз боз шудани парванда нисбати Аловатшоев чизе намедонанд.

Ин дар ҳолест, ки Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ дар ҷаласае дар Хоруғ Амриддин Аловатшоевро ба "таҳрик додани ҷавонон аз хориҷа" муттаҳам кард. Аз он пеш, моҳи ноябри соли 2021, баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, "ӯ дар Тоҷикистон бо гумони кӯшиши таҷовуз ба номус кофтуков мешавад." Наздикони Аловатшоев он замон хабарро рад карда буданд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон рӯзи 13-уми январ гуфтанд, ки дар бораи дар куҷо будани Амриддин Аловатшоев иттилоъ надоранд. "Мо намояндагони худро ба Роштқалъа фиристодем, то дар бораи Амриддин маълумоти бештар биоранд. Аз наздиконаш бипурсанд, ки оё рӯзҳои охир тамос дошт ё не," -- гуфт Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯйи "Комиссияи 44".

Аловатшоев кист?

Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ асосан дар Русия мезист ва, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.

“Вай бештар мушкили муҳоҷиронро бо корфармоён дар Русия ҳал мекард. Пули онҳоро гирифта медод. Аз ин рӯ, дар байни муҳоҷирон аз Бадахшон маҳбубият дошт,” – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Аловатшоев дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар як даргирӣ бо зодагони Чеченистон сахт захмӣ шуд, аммо пизишкон тавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Соли 2011 ба ВМКБ кӯчид ва оҳиста-оҳиста ба як шахси бонуфузи ғайрирасмии ноҳияи Роштқалъа табдил ёфт.

Дар низои моҳи октябри соли 2018 дар Бадахшон номи Амриддин Аловатшоев дар қатори раҳбарони дигари ғайрирасмии минтақа – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазоров – гирифта шуд. Дертар ӯ зери санаде имзо гузошт, ки қонунро поймол намекунад ва ба кори мақомот дар Бадахшон халал намерасонад.

"Пас аз ин, соли 2019, ба Русия баргашт ва дар он ҷо ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафаш тарғиби ҳаёти солим, ҳифзи робитаи зич миёни ҷавонон ва ёрӣ ба ҳамдигар аст," – гуфт яке аз афроди наздик ба Амриддин Аловатшоев.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG