Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамроҳонашро ҷавоб доданд, ӯро касе надидааст." Амриддин Аловатшоев дар куҷост?


Амриддин Аловатшоев аз чеҳраҳои шинохта дар байни ҷавонони бадахшонӣ дар Русия будааст.

Аз нопадид шудани Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав дувоздаҳ рӯз гузашт. Наздиконаш мегӯянд, ӯро кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Душанбе овардаанд, аммо дар ин ниҳод хабари боздоштро рад мекунанд. Мақомоти Русия низ то ҳол дар мавриди нопадид шудани ӯ вокунише накардаанд.

Дар Маскав ё Душанбе?

София Мунимшоева, ҳамсари Амриддин Аловатшоев, рӯзи 21-yми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо шавҳари худ 11-уми январ тамос дошт, вале аз он рӯз дигар дастнорас аст. "Ҳамроҳони шавҳарам гуфтанд, онҳоро 11-уми январ дар Белгород боздошт карданд. Пас аз ду рӯз раҳо карданд, аммо ӯро дигар касе надидааст," -- мегӯяд Муминшоева.

Ба гуфтаи ҳамсари Аловатшоев, онҳо ду фарзанди ноболиғ доранд ва Амриддин танҳо ноновари хонавода буд. Муминшоева афзуд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар мавриди нопадид шудани шавҳараш ариза навиштаанд, вале то ҳол ҳеч посух нагирифтанд.

Ораз Вазирбеков, яке аз роҳбарон ва фаъолони зодагони Бадахшон дар Маскав, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино бар иттилои ӯ Аловатшоевро рӯзи 13-уми январ ба Душанбе бурдаанд. Вай афзуд: "12-уми январ ба мо гуфтанд, ки ӯ дар боздошт аст, аммо ҳеч яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия инро тасдиқ накард. Мо баъдан хабар ёфтем, ки Амриддин дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташакили Душанбе қарор дорад."

Шахсони наздик ба Амриддин Аловатшоев 13-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шахсони номаълум ӯро пас аз тазоҳуроти зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар робита бо кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков таъқиб мекарданд. Аловатшоев узви гуруҳи музокиракунандаи муътаризон бо сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Масъулони дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ниҳод дар бозгардондани Амриддин Аловатшоев аз Русия даст надорад. Ин вазорат дар гузашта даст доштанашро дар боздошту ба Душанбе овардани вакили мудофеъ Иззат Амон ва размикор Чоршанбе Чоршанбиев низ рад кардааст. Бо вуҷуди ин раддияҳо, пас аз чанде хабари ҳузури онҳо дар Душанберо нашр карданд.

Муттаҳам ба шӯрандозӣ ва ҷиноят

Ин дар ҳолест, ки Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ дар ҷаласаи ҳукумати Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ Амриддин Аловатшоевро ба таҳрики ҷавонони бадахшонӣ дар хориҷ аз кишвар алайҳи ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам кард.

Моҳи ноябри соли 2021 баъзе аз расонаҳои тоҷик навиштанд, ки Аловатшоев ба далели талоши таҷовузи ҷинсӣ таҳти пайгарди мақомоти тоҷик мебошад. Наздиконаш ин иттиҳомро рад карданд. Амриддин Аловатшоеви 44-сола зодаи ноҳияи Роштқалъа аст ва солҳо боз дар Русия зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ширкатҳои амниятии хусусӣ кор мекардааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, Амриддин Аловатшоев дар миёни ҳамватанонаш обрӯву нуфузи зиёд дошт ва дар баҳсу моҷароҳо, бахусус бо корфармоёне, ки аз пардохти музди кор сарпечӣ мекарданд, манофеи онҳоро ҳимоя мекард.

Дар миёнаи солҳои 2000-ум Авловатшоев дар муноқишае бо қафқозиҳо сахт маҷрӯҳ шудааст. Амриддин Аловатшоев соли 2001 ба кишвар баргашта, ба як роҳбари соҳибнуфуз дар Роштқалъа табдил шуд.

Дар қатори "раҳбарони ғайрирасмӣ"

Дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 номи Аловатшоев дар қатори номи ба истилоҳ роҳбарони ғайрирасмӣ, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шамбиев ва Хурсанд Мазоров гирифта шуд. Баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳ бо чанд нафари дигар санаде имзо кардаанд, ки дар оянда ба қонуншиканӣ даст намезананд ва ба кори мақомоти давлатӣ дар ВМКБ дахолат намекунанд.

Амриддин Аловатшоев соли 2019 ба Русия баргашт ва онҷо як ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафи он тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҳифзи иртиботи наздик ва кумак ба ҳамдигар будааст.

Ба гуфтаи ҳамроҳони Амриддину ихтиёриёни гуруҳ, мақомоти Тоҷикистон шояд ин ташкилотро ҳамчун як гуруҳи ҷиноӣ мешинохт, ҳарчанд ба қавли онҳо ҳеч далели мушаххасе дар мавриди даст доштанашон дар ҷиноят вуҷуд надорад.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG