Пайвандҳои дастрасӣ

Омбудсмен гуфт, бо хулосаи Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон розӣ нест


Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Омбдусмени Тоҷикистон мегӯяд, бо гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар розӣ нест. Чун, ба гуфтаи Умед Бобозода, Амрико корҳои анҷомдодаи ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон нодида мегирад.

Департамени давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи марти имсол дар гузорише Тоҷикистонро ба хотири рабудани мухолифин дар хориҷа, шиканҷаи боздоштшудаҳо, таҳдид ба фаъолону рӯзноманигорон ва маҳдудияти озодии баёну ақида танқид кард.

Умед Бобозода, Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 15-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, ҳамчун ваколатдор ба нуктаҳои зикршуда дар гузориши Департаменти давлатии Амрико розӣ нест ва ба ин вокуниш кардааст.

Бобозода афзуд, муаллифони гузориши Департаменти Амрико маълумотро аз сарчашмаҳои дақиқ намегиранд: "Он коре, ки ҳукумат дар ҷодаи ҳуқуқи инсон анҷом медиҳад, нодида мегиранд. Аз сарчашмаҳои дуруст иттилоъ намегиранд."

Гузориши Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2020 рӯзи 30-юми март дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шуд. Муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номида, гуфтанд, ҳарчанд дар Конститутсияи Тоҷикистон гуногунҳизбӣ таъкид шудааст, ҳукумат солҳо боз гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст.

Ба ҷуз аз Департаменти давлатии Амрико чанд созмони дигари ҳомии ҳуқуқ низ ҳукумати Тоҷикистонро ба хотири нақзи ҳуқуқи инсон танқид карда буданд. Мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки ин гузоришҳо баёнгари воқеият нестанд.

XS
SM
MD
LG