Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон берунории шаҳрвандонашро аз Украина ба поён расонд


Бозгашти шаҳрвандони Қазоқистон аз Лаҳистон. 4-уми марти 2022
Бозгашти шаҳрвандони Қазоқистон аз Лаҳистон. 4-уми марти 2022

Сафорати Қазоқистон дар Украина шаби 29-уми март хабар дод, ки берунории қазоқистониҳоро аз Украина ба поён расондааст.

Охирин парвози ҳавопаймои қазоқистонӣ аз шаҳри Катовитси Лаҳистон бо 53 мусофир ба шаҳри Алмато расид. Қазоқистон берунории шаҳрвандонашро 1-уми март шуруъ карда буд.

Дар ин муддат Қазоқистон бо 7 парвоз 743 шаҳрвандашро аз Украина баргардонид.

Сафорати Қазоқистон дар Украина гуфт, ки дархости берунории шаҳрвандони боқимонда ба таври инфиродӣ баррасӣ мешавад. Эҳтимол меравад, теъдоде аз қазоқистониҳо ҳанӯз дар Украина дар монда ва ба далели ҷанг наметавонанд, он кишварро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG