Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Ҳарфҳоям дар бораи Путин "хашми ахлоқӣ" буд, на дархости барканории ӯ аз қудрат


Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 28-уми март ба хабарнигорон гуфт, аз изҳороти ахираш дар бораи раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки ӯ "наметавонад дар қудрат бимонад", ақиб наменишинад ва узрхоҳӣ намекунад.

Изҳороти Байден рӯзи 26-уми март дар ҷараёни сафараш ба Варшава, маркази Лаҳистон (Полша) баён карда буд. Суханони Байден ба маънои тағйири режим дар Русия маънидод шуд ва нигарониҳоеро ба миён овард.

Раисҷумҳури Амрико таъкид кард, ки хоҳони тайғири ҳукумат дар Маскав, ки метавонад ба рӯёрӯии мустақим бо як қудрати ҳастаӣ сабаб шавад, нашудааст. Вай изҳор дошт, "ман хашми ахлоқиро, ки нисбат ба ин мард эҳсос мекардам, баён кардам. Сухани ман ба маънои тағйири сиёсати мо набуд."

Рӯзи 28-уми март Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия, ин суханони Байденро "ташвишовар" хонд.

Аммо Байден ин дидгоҳро, ки изҳороти ӯ ба афзоиши танишҳо сабаб мешавад, рад кард ва гуфт, "ҳеч кас бовар намекунад... ки ман дар бораи сарнагунии Путин суҳбат мекардам". Вай афзуд, "охирин чизе, ки бихоҳад анҷом диҳад, даргирӣ дар як ҷанги заминӣ бо Русия аст".

XS
SM
MD
LG