Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимол аз 70 то 100 ҳазор мутахассиси IT аз Русия бираванд


Дар моҳҳои наздик, мумкин аст, аз 70 то 100 ҳазор мутахассиси IT Русияро тарк кунанд.

"Аз 50 то 70 ҳазор чунин мутахассис то ин замон Русияро тарк кардаанд," -- хабар дод нашрияи Baza бо такя ба раиси Эътилофи иртибототи электронии Русия Сергей Плуготаренко.

Плуготаренко гуфт, теъдоди мутахассисони IT, ки Русияро тарк мекунанд, метавонист, бештар шавад, агар билети ҳавопаймо гарон намешуд ва мушкили интиқоли маблағ ба миён намеомад.

Пештар мухолифони ҳукумати Русия ва фаъолони шаҳрвандӣ, ки дар хориҷ аз он кишвар ҳастанд, Кумитаи зиддиҷангии Русияро таъсис доданд. Яке аз ҳадафҳои ин кумита мадад ба шаҳрвандони Русия аст, ки ба далели ҷанг дар Украина кишвари худро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG