Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боррел гуфт, Русия дар Мариупол "ҷинояти азими ҷангӣ" мекунад


Ҷозеп Боррел
Ҷозеп Боррел

Як дипломати баландпояи Иттиҳоди Аврупо гуфт, Русия бо ҳамлааш ба шаҳри бандарии Мариупол дар ҷануби Украина, ки ҳафтаҳо боз дар муҳосира аст, “ҷинояти азими ҷангӣ” мекунад.

Ҷозеп Боррел рӯзи 21-уми март дар оғози нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел гуфт: “Ончӣ ҳоло дар Мариупол мегузарад, як ҷинояти бузурги ҷангӣ аст. Ҳама чизро вайрон мекунанд, бомбаборон мекунанд ва ҳамаро мекушанд.”

27 кишвари узви Иттиҳод таҳримҳои нав, аз ҷумла эҳтимоли маҳрум кардани бонкҳои бештари Русияро аз низоми молиявии SWIFT, баррасӣ хоҳанд кард.

Русия тақозо дошт, ки рӯзи 21-уми март ба нишони таслимшавӣ дар Мариупол парчами сафед афрохта шавад. Украина талаби таслимшавии шаҳри муҳосирашудаи Мариуполро рад кард.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бесабаб ба Укриана ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG