Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Украина бори дигар хоҳони гуфтугӯ бо Путин шуд


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бори дигар хостори гуфтугӯ бо Владимир Путин, ҳамтои русаш шуд. Зеленский рӯзи якшанбе дар мусоҳибае бо телевизиони CNN гуфт, барои музокира бо Путин омодааст.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина 26 рӯз мегузарад. Ин ҳамла рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва Маскав мегӯяд, ки ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ин "амалиёти вижаи низомӣ"-ро роҳандозӣ кардааст. Украина онро "таҷовуз"-и ошкор ба тамомияти арзӣ ва истиқлолияти худ медонад. Шумори зиёде аз кишварҳои ҷаҳон ба таври густурда ин ҳамларо маҳкум карданд.

Дар ҳоли ҳозир ҷангҳои сахт дар шаҳри Мариупол идома доранд. Русия талош дорад ин шаҳрро ба назорати худ дарорад. Артиши Русия дирӯз аз нерӯҳои украинӣ дар ин шаҳр хост, ки аслиҳаашонро ба замин бигузоранд. Аммо масъулини Вазорати дифои Украина рӯзи душанбеи 21-уми март чунин талаби низомиёни русро рад карданд.

XS
SM
MD
LG