Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаждаҳ дипломати Русияро аз чаҳор кишвар меронанд


Дар Булғористон ба зидди ҷанги Русия дар Украина эътирозҳо сурат гирифт.

Булғористон гуфт, ки 10 дипломати русро аз кишвар меронад ва Эстонияву Латвияву Литва ҳам гуфтанд, ки айни корро хоҳанд кард.

Вазорати умури хориҷии Булғористон рӯзи 18-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба 10 дипломати Русия 72 соат фурсат додааст, то қаламрави он кишварро тарк кунанд, зеро ба фаъолиятҳое машғул буданд, ки бо мақоми дипломатии онҳо мувофиқат намекард.

Дар баёния ҷузъиёти дигаре надодаанд, вале аввали ҳамин моҳ Булғористон ду дипломати русро ба ҷосусӣ муттаҳам карда ва аз қаламраваш ронд. Сафорати Русия дар Булғористон амалкарди ин кишварро “хасмона” номид ва гуфт, Маскав посухи муносиб медиҳад.

Булғористон, ки узви НАТО аст, ҳамлаи Русия ба Украинаро танқид кардааст. Латвия ва Эстония рӯзи 18-уми март гуфтанд, ки дутоӣ аз дипломатҳои Русияро аз қаламравҳояшон хориҷ мекунанд. Литва гуфт, ки ба чаҳор дипломати рус гуфтааст, бояд бираванд. Ҳарсе кишвари узви НАТО гуфтанд, ки ҷанги Русия ба зидди Украина сабаби қабули чунин қарорҳо аст.

XS
SM
MD
LG