Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи СММ аз Русия талаб кард, ҷанг дар Украинаро қатъ кунад


Додгоҳи байналхалқии СММ дар Гаага қарор қабул кард, ки Русия бояд ба таври фаврӣ амалиёти ҷангиро дар ҳудуди Украина қатъ кунад. Додгоҳ ҳамчунин аз Москва ва Киев талаб кард, аз ҳама гуна иқдоме худдорӣ варзанд, ки ҷангро шадидтар мекунад.

Додгоҳи СММ даъвои Украина нисбати Русияро рӯзи 7-уми март ба баррасӣ гирифт. Киев Москваро дар шарҳи нодурусти конвенсияи байналхалқӣ дар бораи наслкушӣ айбдор мекунад. Бино ба даъвои Киев, ҳукумати Русия бо сӯистифода аз конвенсия ба ҳудуди Украина ҳамла кардааст.

Президенти Русия Владимир Путин аз соли 2014 то оғози ҳамла ба Украина барои шарҳи ҳодисаҳои Донбасси Украина борҳо аз вожаи "наслкушӣ" истифода кардааст.

Додгоҳ далеле пайдо накард, ки Украина дар ҳудуди худ наслкушӣ карда бошад.

Русия 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин ба ҳудуди Украина ҳамла кард. Дар ин муддат, ба ҳисоби СММ, се миллион сокини Украина манзилҳояшонро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG