Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Меоянду мебинанд, вале ёрӣ намекунанд." Пайомадҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Тоҷикистон чанд рӯз боз шоҳиди бориши зиёди борон, омадани сел ва фаромадани тарма аст. Аз ҳодисаҳои табиӣ на танҳо мардуми минтақаҳои дурдаст, балки чанд сокини пойтахт низ зиён дидаанд. Осебдидагон хоҳони кумакҳои фавриянд. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ҳанӯз зарари расидаро ҳисоб накарданд.

"Деворҳо кафиданд, хона хатарнок шуд"

Шарофиддин Холов
Шарофиддин Холов

Чаҳор рӯз пеш ҳавлии хурди Шарофиддин Холов, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, дигар буд. Борон бошиддат меборид ва ҳавлӣ кӯлро мемонд. Баъди муддати кӯтоҳе манзилаш хароб ва барои зиндагӣ хатарзо шуд.

Ӯ рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "дигар имкони зиндагӣ кардан вуҷуд надорад. Деворҳо кафиданд, хатарнок шуданд. Кӯдаконро дар хонаи шахсони бегона гузоштем. Онҳо аз мактаб монданд, мо аз кор."

Дар кӯчаи Ҳабибулло Назарови шаҳри Душанбе дар баробари манзили Шарофиддин Холов ба чанд хонаи дигар ҳам об даромадааст. "Ҳоҷатхона пур шуд, даруни мошин пур шуд, кӯдакҳоям талхакаф шуданд," -- гуфт Гулҷаҳон Қурбонова, сокини маҳалла.

Маҳбубахон Салимова, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, "7-8 сол боз дар ин хона зиндагӣ мекунам. Ду сол пеш то ҷойи хобам об даромад. Мақомот омада мебинанд, вале мадад намекунанд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зиёни офатҳои табиӣ ба сокинони Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Марги чаҳор кас аз селу тарма

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар пайи бориши шадиди борон, дар ҳудуди баъзе ноҳияҳои Душанбе ба ҳавлию таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ об даромадааст.

Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо, аз ҷумла Шарофиддин Холов, сокини пойтахт, гуфтанд, бо вуҷуди дархости кумак, маъмурони наҷот ба баровардани оби ҳавлияшон наомаданд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумита, ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ҷониби маъмурони наҷот ва ҳукумати шаҳри Душанбе оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шуд."

Умеда Юсуфӣ
Умеда Юсуфӣ

Боронҳои сахти рӯзҳои гузашта дар ноҳияҳои дигар хисороти зиёде, аз ҷумла талафоти ҷонӣ дар пай доштааст. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, дар шаҳри Турсунзода ду ҷавон зери сел монда, ҷон бохтанд. Дар шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб мошини борбареро тарма пахш карда, падару писарро куштааст.

Ба куҷо чӣ зиён расид?

"Сел дар ноҳияи Ашт ба 70 гектар замини кишоварзӣ ва 12 манзил зарар расонд. Дар ноҳияи Тоҷикобод тарма фаромад, вале ба аҳолӣ хисорот нарасид. Дар Нурообод ҳангоми омадани ярч як қисми хонаи истиқоматӣ чаппа шуд. Дар шаҳри Турсунзода заминҳои як хоҷагии деҳқонӣ қисман зарар диданд," -- гуфт Умеда Юсуфӣ.

Дар Тоҷикистон, ки як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист, танҳо аз оғози сол 300 тарма фаромадааст. Тибқи иттиои расмӣ, соли гузашта, дар 52 фалокати табиӣ 42 нафар қурбон шудаанд ва кишвар аз ҳисоби ҳодисаҳои табиӣ беш аз 140 миллион сомонӣ зарар дидааст.

XS
SM
MD
LG