Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Душанбе сел омада буд, мисли сели Кӯлоб." ВИДЕО


Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон аз эҳтимоли бориши сахти борон ва омадани сел дар рӯзҳои оянда дар минтақаҳои кишвар ҳушдор додааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Шаби 5-уми апрели имсол дар Душанбе ва минтақаҳои дигар борони сахт борид ва, ба қавли сокинон, нишон дод, ки ҳатто пойтахт ба таври бояду шояд муқобила бо офатҳои табиӣ омода нестанд. Бо гузашти се рӯз аз борону сел, идораҳои коммуналии Душанбе ҳанӯз паёмадҳои ин фалокатро тоза мекунанд.

Ҳангоми бунёди системаи обпартои шаҳр мутахассисон ҳаҷми боришотро ба назар гирифта, шабакаҳоро мутобиқ ба он месозанд.

Сокинон мегӯянд, дар натиҷаи боридани борон ба камияш як соат роҳҳои асосии пойтахт зери об буд ва масъулон натавонистанд саривақт роҳро аз обу лой холӣ кунанд.​ Муродалӣ Занҷиров корманди хоҷагии коммуналиву манзилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аст. Ӯ гуфт, шаби 5-уми апрел маҷбур шудааст, панҷараҳои болои обрави паҳлӯи роҳро биканад, то аз ҷамъшавии об дар роҳҳо пешгирӣ кунад.

"Мо шабонарӯзӣ кор мекунем, то мушкиле пеш наояд. Ба мо гуфта буданд, ки боронҳои шадид меборад ва бояд омода бошем", - гуфт ӯ.

Бо ин ки кормандони роҳу нақлиёт ва хоҷагии коммуналии ноҳияҳои пойтахт мегӯянд, талоши онҳо буд, ки боронгарӣ ҳеҷ хисороти ҷиддӣ наоварад, сокинони Душанбе мегӯянд, ба таҳлука афтода буданд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи назди фурудгоҳи Душанбе, ки оби зиёд ҷамъ шуд ва мошинҳо бо мушкил аз онҷо мегузаштанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷо бинед:

"Дар Душанбе сел омада буд, мисли сели Кӯлоб"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Далер Маҳмадов он шом бо мошини худ дар миёни селоб дармонд. "Фикр кардам, ки дигар мошинро берун оварда наметавонам. Даруни мошин пур аз об шуда буд. Ҳамон вақт чанд нафар ба кумак шитофтанд ва мошинро ба як тараф тела кардем", - нақл кард ӯ рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ.

Дар баробари роҳҳои мошингарди пойтахт роҳҳои зеризаминӣ низ пури об шуда, гузаштани сокинонро аз онҷо номумкин карда буд.

Сел бештар аз теппаҳои атрофи Душанбе ба дохили шаҳр ворид шуда, ба манзили сокиноне, ки дар ҳавлиҳо зиндагӣ мекунанд, зарар расондааст. Лолаҳои ҳолландӣ, ки бо маблағҳои ҳангуфти будҷа барои зебоии пойтахт оварда шудаанд, низ зери оуб лой мондаанд.

Шаҳобиддин Насриддинов, корманди хоҷагии коммуналию манзилии ноҳияи Шоҳмансур, гуфт, барои рафъи фалокат ҳудуди 40 василаи техникӣ кор кард ва тавонистанд роҳро зуд аз обу лой тоза кунанд.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, тавони обгузаронии аксари лулаҳои обпартои шаҳр кам аст ва дар ҳолати бориши пуршиддат наметавонад оби ҷамъшударо зуд ба ҷойи дигар расонанд. Ба назари ҳамсӯҳбати мо камбуди обпартоҳо дар пойтахт ва зиёд истодани об дар назди биноҳои баландошёна ва ҳавлии сокинон "боиси зарар дидани пойдевор ва вайрон шудани бинову иншоот мешавад".

Баҳром Юсуфов, раиси Иттиҳодияи меъморони Тоҷикистон, мегӯяд, шояд мушкил дар он аст, ки шабакаҳои обгузари зеризаминӣ саривақт аз лой тоза карда нашудаанд.

"Ҳангоми бунёди системаи обпартои шаҳр мутахассисон ҳаҷми боришро ба назар гирифта, шабакаҳоро мутобиқ ба он месозанд. Шояд дар баъзе аз нуқтаҳои шаҳр, манзурам, наздикиии фурудгоҳ, ки солҳои қабл ҳам аз об пур мешуд, обпартоҳои зеризаминиро чандон калон насохтаанд", - афзуд ӯ.

Дар натиҷаи боронҳои 5-уми апрел дар Тоҷикистон ба баъзе аз минтақаҳои кишвар осеби иқтисодӣ расидааст. Ҳоло як комиссияи махсус зарарро ҳисоб мекунад.

Ҳар сол аз селобу баҳман ё тарма чандин нафар ҳалок ва даҳҳо хона вайрон мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 50 хона зарар дид, ки аз ин миён 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шуд. Осеби офатҳои табиӣ дар соли гузашта беш аз 30 миллион сомонӣ, муодили зиёда аз 3 миллион доллари амрикоӣ шуморида шудааст.

Имсол сокинони пойтахт дар ҳаросанд, ки ҳодисаҳои харобиовар метавонад дар Душанбе низ рух диҳад. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, омодагии муқобила бо ҳама гуна офати табиӣ дар пойтахтро доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG