Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷе, ки аз Эрон омад. Борону сели харобиовар дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Мақомот гуфтанд, ки ҳарчанд борони сахт рӯзи панҷуми апрел талафоти ҷонӣ надошт, ба хонаву ҳалвӣ ва замини кишту роҳҳо зиён расондааст. Дар ҳое ки гуруҳи вижа машғули ҳисоби зарар аст, Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон эҳтимоли боридани борони сахт ва омадани селро то даҳуми апрел пешгӯӣ мекунад.

  • Сокинон аз он шикоят доранд, ки борону сел натанҳо минтақаҳои куҳӣ, ҳатто пойтахт ва шаҳрҳои дигари асосии кишварро ҳам осебпазир кардааст. Шаби гузашта дар натиҷаи боридани борон ба камияш як соат роҳҳои асосии пойтахт зери об буданд.
Борону сели харобиовар дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, борони сахти рӯзи 5-уми апрел боис ба омадани сел дар чанд ноҳияҳои кишвар шудааст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи кумита, рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар натиҷаи боронгарии шадид оби дарёҳо баланд нашуд, аммо аз талу теппа сел омад. Фаромадани сел дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Кӯлоб, Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Ховалинг, Мастчоҳ, Панҷакент ва Спитамен сабт шудааст".

Умеда Юсуфӣ
Умеда Юсуфӣ

"​Сел ба замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонд. Дар вилояти Хатлон асосан оғил ва ҳезумхонаи мардум зарар дидааст", - афзуд Юсуфӣ.

Аз боронгарии шадиди шаби гузашта пеш аз ҳама сокинони шаҳри Душанбе ба таҳлука афтоданд ва роҳҳои асосии пойтахт дастикам як соат зери об монданд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи назди фурудгоҳи Душанбе оби зиёд ҷамъ шуд ва мошинҳо бо мушкил аз онҷо гузаштанд. Инчунин, роҳҳои зеризаминии пойтахт низ пури об шуда, гузаштани сокинонро аз онҷо номумкин кардааст.

Боронгарии рӯзи 5-уми апрел дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон дар чанд соли ахир камсобиқа будааст. Ин боронгарии шадид дар пойтахт наздики ду соат давом кард. Мақомоти ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, хатари боронгарӣ ҳанӯз бартараф нашудааст ва то 10-уми апрел эҳтимоли боридани борони сахт пешгӯӣ мешавад.

Қаблан масъулони Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон гуфта буданд, фазои кишварро сиклоне фаро гирифтааст, ки аз Эрону Афғонистон меояд. Борону сел дар як ҳафтаи охир дар Эрону Афғонистон даҳҳо нафарро қурбон ва ҳазорҳо манзилро вайрону валангор кард.

Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “албатта, ин сиклон қувваеро, ки дар Эрону Афғонистон дошт, аз даст додааст. Вале ҳатто бо ин нерӯ ин сиклон қодир аст дар Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе бар ҷой гузорад.”

Дар ҳоле ки, ба қавли мақомот, маъмурони наҷот дар Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даромадаанд, дар гузашта сокинон аз дасткӯтоҳӣ ё бетаваҷҷӯҳии онҳо дар ҳолатҳои омадани сел ва тармафароӣ шикоят доштанд.

Аз ҷумла дар фасли зимистони гузашта маъмурони наҷот барои ёрӣ надодан ба сокинони Язгуломи вилояти Бадахшон, ки як нафарро бо белу каланд аз зери тарма берун оварданд, танқид шунида буданд. Мақомот гуфтанд, чанд нафарро ҷазо доданд.

Ҳар сол ба асари омадани сел ва фаромадани тарма чандин нафар ҳалок ва даҳҳо хона вайрон мешавад. Аз ҷумла, соли 2018 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 50 хона зарар дид, ки аз ин миён 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шудааст. Ҳаҷми зарар аз офатҳои табиӣ дар соли гузашта беш аз 30 миллион сомонӣ, муодили беш аз 3 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG