Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар дер кунам…" Тарма роҳи Душанбе-Хуҷандро дигарбора баст. ВИДЕО


Роҳи Душанбе-Хуҷанд
Роҳи Душанбе-Хуҷанд

Бо фаромадани тарма як қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), яке аз муҳимтарин роҳҳои Тоҷикистон, ки марказро бо шимол мепайвандад, баста шудааст. Намояндагони Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ гуфтанд, барои рӯфтани барф талош доранд. Ронандагону мусофирон аз идома ёфтан мушкил нигаронанд.

"Касе намегӯяд, ки роҳ кай боз мешавад"

Қиёмиддин Аҳмадов тақрибан як шабонарӯз инҷониб дар роҳ аст, то худро ҳарчи зуд ба Хуҷанд бирасонад. Вай барои сафар аз маркази Суғд ба Сочии Русия билети ҳавопаймо дорад, вале метарсад, ки дер мекунад.

«Роҳ бастааст, вале ягон ҷавоби дақиқ надоданд, ки кай кушода мешавад. Соати дуи имшаб парвози ҳавопаймо дар назар аст. Агар роҳ зуд боз нашавад, дер мерасам ва он вақт билет месӯзад,» -- гуфт ӯ.

Рӯзи 9-уми март даҳҳо мошин пушти ҳам мунтазири кушода шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд буданд. Ронандагон гуфтанд, ҳар дақиқаи мондани онҳову мусофиронашон бар зарар аст. "Одами бисёр ҷамъ шудааст. Як шаби мондан дар меҳмонхона сад сомонӣ аст. Агар имшаб ҳам монем, харҷамон бештар мешавад," – нақл кард ронанда Ғуломҷон Худойдодов.

Наворро дар инҷо бинед:

Тарма роҳи Душанбе-Чаноқро баст, мардум дар нимароҳ монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Нозирони БДА нагузоштанд, ки...

Намояндагони ширкати IRS гуфтанд, талош доранд, зудтар роҳро аз тарма пок карда, ҳаракати мошинҳоро таъмин кунанд. Ин ширкат бо пахши хабарномае гуфтааст, аз 8-уми март инҷониб тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла дар километри 48-71-ум зиёд гардидааст.

Ба иттилои IRS "дар километри 48-уми роҳ паҳнӣ ва баландии тарма қобили мулоҳиза буда, маҷрои дарёи Варзобро баст." Бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъият, ширкати IRS аз сокинон хостааст, муваққатан аз сафар дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ худдорӣ кунанд.

Рӯзи 9-уми март нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ки аз километри 40-уми роҳи Душанбе-Чаноқ болотар бираванд, то макони ҳодисаро аз наздик ба навор гиранд. Онҳо гуфтанд, ба далели хатарзо будани қитъаи роҳе, ки тарма фаромадааст, иҷозаи ба он ҷо рафтан дода намешавад.

Мошинҳои зиёде дар роҳ банд мондаанд
Мошинҳои зиёде дар роҳ банд мондаанд

Ҳамасола дар фасли сармо роҳи Душанбе-Чаноқ ба сабаби фаромадани тарма баста мешавад ва мусофирону ронандаҳоро сарсон мекунад.

Ширкати IRS, ки то ҳанӯз номи моликаш ба ҷомеаи Тоҷикистон маълум нест, аз соли 2009 мутассадии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ буда, барои ин аз ронандагон пул мегирад. Аз оғози имсол нархи сафар тавассути он гарон шуд. Соҳибони мошинҳои сабукрав барои гузаштан аз роҳи Душанбе-Чаноқ то 89 сомонӣ ва мошинҳои калон то 693 сомонӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG