Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаҳо: Барфро худамон тоза кардем. IRS: 8 мошин фиристодем. ВИДЕО


Роҳи Душанбе – Хуҷандро қисман боз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Баъд аз тақрибан як шабонарӯз роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чаноқ)-ро дигарбора боз карданд. Баста мондани ин роҳ дар тақрибан як шабонарӯзи охир садҳо нафарро сарсон кард. Баъзе аз ронандагон аз амалкарди, ба гуфтаи онҳо, сусти кормандони IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳ, шикоят доранд. Намояндагони ширкат мегӯянд, барои зудтар боз шудани роҳ кӯшиш карданд.

"30 тарма фаромад"

Зикриё Олимов, сардори раёсати бехатарии ширкати IRS, дар суҳбат бо телевизиони давлатии Тоҷикистон сабаби қариб як рӯз баста шудани роҳро ба фаромадани тармаи зиёд пайванд додааст. Ба гуфтаи ӯ, "дар километри 46-73-юми роҳи Душанбе-Чаноқ 30 тармаи хурду калон фаромад."

Ширкати IRS аз соли 2009 масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ буда, барои ин аз ронандагон пул мегирад. Аз оғози имсол нархи сафар тавассути он гарон шуд. Соҳибони мошинҳои сабукрав барои гузаштан аз роҳи Душанбе-Чаноқ ба ширкати IRS то 89 сомонӣ ва мошинҳои калон то 693 сомонӣ медиҳанд.

Дар ивази ин маблағ ширкати IRS вазифадор аст, ҳаракатро дар роҳ таъмин кунад. Вале баъзе аз ронандаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар оғози тармафароӣ худашон маҷбур буданд, бо бел роҳ кушоянд.

Давлатбой Маҳмудов, сокини шаҳри Панҷакент ва ронандаи таксӣ, мегӯяд, соати 16-и 3-юми январ аз Душанбе мусофир гирифта, ба наздикии нақби "Истиқлол" расид, ки тарма фаромад. "Мо бо бел роҳро кушодем ва мошинҳоро гузаронидем. Ба наздикии яке аз галереяҳо (туннелҳои хурд) рафтем, боз тарма фаромад. Роҳи моро пурра баст. Дигар натавонистеем ба он тараф равем. Моро ба қафо баргардонданд," – нақл кард ӯ 4-уми январ.

Дар ширкати IRS чунин шикоятҳоро рад мекунанд. Масъулони ширкат 4-уми январ гуфтанд, барои тоза кардани тармаҳои ду рӯзи охир 8 мошини калонро сафабар карданд.

"Гуфтанд, гузаштӣ, пулашро медиҳӣ"

Як шикояти асосии ронандагоне, ки дирӯз дар роҳ дармонданд, дубора ситондани пул дар тарозуҳои IRS аст. Ба камияш ду ронанда аз ин ҳолат шикоят карданд.

Давлатбой Маҳмудов мегӯяд, бегоҳи 3-юми январ вақте роҳ баста шуд ва онҳо дубора ба Варзоб баргаштанд, дар тарозуи ширкати IRS аз онҳо дубора 29 сомонӣ талаб карданд. Ҳол онки ба гуфтаи ӯ, "як соат пеш аз ҳамин тарозу 29 сомонӣ дода гузашта будем, вале ба сабаби тармафароӣ ба роҳ идома дода натавонистем."

"Моро худи нозирони БДА оварда буданд. Муроҷиат кардем, ки ҳозир гузаштем, тарма фаромадааст, роҳ баста, ба ягон чойхона равем. Гуфтанд, не, гузаштӣ, пулашро медиҳӣ," -- гуфт ин ронанда.

Салимҷон Усмонов, як сокини шаҳри Хуҷанд, ҳам айни ҳамин шикоятро дошт ва мегӯяд, "дар тарозу беҳуда пул додем." Масъулони дафтари матбуоти ширкати IRS рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин шикояти ронандаҳоро таҳқиқ мекунанд.

Боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма баъд аз зуҳри 3-юми январ ҳаракатро дар ягона роҳ байни шимолу ҷануби Тоҷикистон мушкил кард. Қариб як рӯз баста будани роҳ боиси банд мондани садҳо нафар дар ду тарафи роҳ шуд ва танқидҳои зиёдро аз кори ширкати IRS ба миён овард. Намояндагони ширкат дар чанд хабарнома гуфтанд, ҳама талошро карданд то роҳ ҳарчӣ зудтар боз шавад.

Дар гузашта борҳо мухолифон ва баъзе аз сокинон аз кори ширкати IRS, ки иддае онро ба афроди наздик ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон марбут медонанд, танқид карда буданд. Онҳо мегӯянд, солҳо боз на танҳо молики ширкат, балки дахлу харҷи он барои аҳолии Тоҷикистон маълум нест. Дар ҳоле ки роҳи Душанбе-Чаноқро бо сармояи Чин сохтаанд ва Тоҷикистон бояд онро бо баҳрааш баргардонад.

Масъулони ширкат ҳамвора мегӯянд, роҳро дар чор фасли сол таъмиру бозсозӣ мекунанд ва маҳз кори онҳост, ки дар зимистон равуо ба шимоли кишвар осон шудааст.

Ҳушдори Кумита аз тармафароӣ

Боридани барфи зиёд танҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ мушкил эҷод накардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, субҳи 4-уми январ дар мавзеи Ниводак ва ҷамоати Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ва мавзеи Санободи ноҳияи Рӯшон лағзиши тарма сабт шуд. Ба гуфтаи манбаъ, тармарезӣ сабаб гардид, ки роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста шавад.

Мақомот мегӯянд, дар пайи тармафароии ду рӯзи охир талафоти ҷонӣ ва зарари дигар сабт нашудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додааст, ки хатари фаромадани тарма дар роҳҳо аз пойтахт ба Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб зиёд аст.

XS
SM
MD
LG