Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе – Хуҷандро қисман боз карданд


Ноҳияи Варзоб. Роҳи Душанбе - Хуҷанд
Ноҳияи Варзоб. Роҳи Душанбе - Хуҷанд

Баъд аз тақрибан як шабонарӯз роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чаноқ) барои гузаштани мошинҳои сабукрав боз шудааст. Ба иттилои намояндагони IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳ, мошинҳои боркаш ҳоло иҷозаи гузаштанро надоранд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад, шоми 3-юми январ дар пайи тармафароӣ баста шуд. Қатъи ҳаракат дар ин роҳ аз ҳарду тарафи роҳ садҳо нафарро сарсон кард.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз соли 2009 дар ихтиёри филиали ширкати офшории IRS – Инновейтив Роуд Солюшнз – аст. Ин ширкат дар роҳ 6 плазаи толлингӣ – марказҳои пардохти пул – насб карда, аз соҳибони мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмат мегирад.

Ширкат аз 1-уми январи имсол нархи гузаштан аз роҳро боз ҳам боло бурд. Феълан нархи убури як нақлиёти сабукрав аз Душанбе то минтақаи Чаноқ дар сурати пардохти нақдӣ 89 сомонӣ ва ғайринақдӣ 74 сомонӣ аст. Нақлиёти боркаш дар ин роҳ то 693 сомонӣ месупоранд.

Дар гузашта борҳо мухолифон ва баъзе аз сокинон аз кори ширкати IRS, ки иддае онро ба афроди наздик ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон марбут медонанд, танқид карда буданд. Онҳо мегӯянд, солҳо боз на танҳо молики ширкат, балки дахлу харҷи он барои аҳолии Тоҷикистон маълум нест. Дар ҳоле ки роҳи Душанбе-Чаноқро бо сармояи Чин сохтаанд ва Тоҷикистон бояд онро бо баҳрааш баргардонад.

Масъулони ширкат ҳамвора мегӯянд, роҳро дар чор фасли сол таъмиру бозсозӣ мекунанд ва маҳз кори онҳост, ки дар зимистон равуо ба шимоли кишвар осон шудааст.

XS
SM
MD
LG