Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати IRS нархи истифода аз роҳи Душанбе-Чаноқро боло бурд


Яке аз нуқтаҳои пулғундории IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқ.
Яке аз нуқтаҳои пулғундории IRS дар роҳи Душанбе-Чаноқ.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар дӯш дорад, нархи хизматрасонии худро боло бурдааст.

Сокинон ҳамеша аз хизматрасонии ин ширкат норозӣ буданд ва бе пешниҳоди роҳи алтернативӣ пулакӣ кардани ягона роҳ ба шимоли кишварро ғайриқобили қабул медонанд.

Ин ширкат дар хабарномае гуфтааст, ки ҳукумат пешниҳоди онҳоро барои боло бурдани нархи хизматрасонӣ қабул кард ва он аз 1-уми январи соли оянда ба иҷро медарояд. Дар нархномаи ширкат дида мешавад, ки нархҳо аз 50 то 70 дар сад боло рафтаанд.

Агар дар плазаи Варзоб пештар ронандагон 3 сомонӣ месупурданд, ин нарх ҳоло 5 сомонӣ ва дар плазаи Чорух нарх аз 94 сомонии пештара 103 сомонӣ муқаррар гаштааст.

"Сабаб таҷдиди назар шудани тарифҳо, ин пайомади буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои охир мебошад, ки дар баробари дигар субъектҳо, ба фаъолияти филиали Ширкат низ таъсири манфӣ расонида истодааст.",--гуфта шудааст, дар изҳороти ширкат.

Ин ширкат гуфтааст, ки тамоми техникаву таҷҳизотро аз хориҷи кишвар бо доллари амрикоӣ мехарад ва “2,5 маротиба беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ” вазъро дигар кардааст ва ширкат маоши беш аз 800 корманди худро боло бурда наметавонад.

Дар хабарнома зикр шудааст, ки барои харидории техникаи нав, бозсозиву таъмири роҳ ва сохтмони пул зарурати боло бардоштани нархи хизматрасонӣ пеш омадааст.

Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пардохти пул- насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Дар гузашта борҳо мухолифон ва сокинон аз кори ин ширкат танқид карда буданд. Онҳо бар ин назаранд, як ширкате, ки соҳибаш маълум нест, аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдор аст ва пули мардумро муфт ба ҷайб мезанад. Масъулони ширкат ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, роҳро дар чор фасли сол таъмиру бозсозӣ мекунанд ва маҳз кори онҳост, ки дар фасли сармо рафтуо ба шимоли кишвар осон шудааст.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS, ки мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро астд, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Пештар матбуот навишт, ки он ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, вале худи ӯ инро рад кард ва гуфт, соҳиби ширкат нест.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG