Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди се моҳ пеш ва ситоиши ҳозираи вазир аз IRS баёнгари чист?


Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бар хилофи изҳороти се моҳи қаблаш аз кори ширкати IRS (Innovative Road Solutions), масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ситоиш кард. Худоёр Худоёрзода моҳи октябри соли гузашта дар ҷаласаи вазорат гуфта буд, ки "аз бемасъулиятии кормандони IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд" ва айни замон ширкатро ба "худсарӣ ҳангоми пешниҳоди ҳисобот ба мақомот" гунаҳкор кард. Ӯ рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе баракс фаъолияти ширкати IRS-ро хуб арзёбӣ намуд ва гуфт: "Агар ин роҳ пулакӣ намешуд, нигоҳдории онро дар сатҳе, ки ҳоло аст, наметавонистем иҷро кунем."

Маълум нест, танқиди се моҳи пеш ва тавсифи ҳозираи вазири нақлиёт аз ширкат баёнгари чист. Рӯзи чаҳоршанбе хабарнигорон низ ба вазир ёдрас карданд, ки ӯ пештар дар яке аз ҷаласаҳо аз "бемасъулиятиву худсарӣ"-и кормандони IRS танқид карда буд.

Вазири нақлиёт чунин ҷавоб дод: "Ҳамон вақт гапамон дигар буд, лекин Шумо, журналистон, гапро тоб додед." Худоёрзода аз ин бештар шарҳ надод, ки он вақт манзураш чӣ буд ва журналистон чӣ гуна гапашро "тоб" доданд.

Ин дар ҳолест, ки он замон суханҳои вазирро нашрияи расмии вазорат – "Нақлиёт" – чоп карда буд ва Радиои Озодӣ низ онро чӣ гунае ки ҳаст, иқтибос оварда буд. Он вақт ҳафтаномаи "Нақлиёт" навишт, Нусратулло Эшонҷонов, намояндаи ширкати IRS дар ҷаласаи вазорат иштирок дошт ва гуфтааст, "дар бораи эродҳо ва ҷиҳати ҳалли нуқсон чораҷӯӣ мекунанд".

Дертар масъулони ширкати IRS танқидди вазири нақлиётро бепоя хонданд.

Интиқоди дигари вазири нақлиёт он вақт ин буд, ки дар роҳи зери назари IRS мошинҳои боркаши ангишту хок бе болопӯш мегарданд ва ин боис ба ғализшавии ҳаво ва ифлос гардидани даруни нақб мегардад: "Обпартоҳо пур аз сангу хоканд. Хадамотро супориш медиҳам, ки оид ба ин масъала санҷиш гузаронад, намояндагонашон мегӯянд, кормандони IRS онҳоро кор кардан намемонанд. Магар ин роҳи Тоҷикистон нест? Охир, ҷавобгӯйи ҳамаи роҳҳои кишвар Вазорати нақлиёт аст. Каму кости роҳҳоро аз мо мепурсанд."

Вазири нақлиёт дар нишасти рӯзи 29-уми январ гуфт, "ширкати IRS бо 200 техникаи муосир роҳи зери назароташро нигоҳ мекунад ва дар он ҷо ҳамаи шароит муҳайё аст".

Масъулони ширкати IRS ҳамвора аз тавоноӣ ва кори худ ситоиш кардаанд. Бархе аз сокинону ронандагон мегӯянд, бо вуҷуди онки роҳ пулакӣ аст, шароиташ бахусус дар фасли зимистон ҷавобгӯ нест ва роҳ ба сабаби барфбории зиёд ва фаромадани тарма чанд рӯз баста мемонад.

Ширкати офшории IRS - Инновейтив Роуд Солюшнз - бар асоси як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 нигоҳубини ягона роҳи байни марказ ва шимоли кишварро дар ихтиёр дорад. Дар роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS, ки ҳоло мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба уҳда дорад, соли 2009 дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони асосии ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG