Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суғдиён"-и Узбекистон охирин рақиби бошгоҳи низомиёни Душанбе дар Ҷоми AFC шуд


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Рақиби охирини КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дастаи “Суғдиён”, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон, гардид.

Ин даста баъди он ки рӯзи 15-уми март тими “Насаф”-и Узбекистон дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 бар тими «Бани Яс»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфт, маълум шуд.

«Суғдиён» охирин рақиби КМВА-и Душанбе дар Ҷоми AFC-2022 дар гурӯҳи «Е» мебошад. Ба ҷуз аз КМВА ва «Суғдиён», дар ин гурӯҳ қаҳрамони бисёркаратаи Туркманистон – «Олтин Асир» ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) бозӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои Ҷоми AFC-2022 дар гурӯҳи «Е» аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҳамчунин бозиҳои гурӯҳи «F» бо ширкати ноиби қаҳрамони Тоҷикистон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Бишкек доир мегарданд. Рақибони “Хуҷанд” қаҳрамони 13-каратаи Қирғизистон - «Дордой» ва қаҳрамони шашкаратаи Туркманистон - «Копетдоғ» хоҳанд буд.

Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми AFC-2022 бозӣ мекунанд, ки ғолиби он соҳиби роҳхат ба даври баъдии мусобиқа ва 100 ҳазор доллари амрикоӣ мешавад.

Ҷоми AFC-2022. Минтақаи марказӣ:

Гурӯҳи «Е»: «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин асир» (Туркманистон), КМВА (Тоҷикистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «Хуҷанд» (Тоҷикистон), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдоғ» (Туркманистон).

XS
SM
MD
LG