Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба минтақаҳои атрофи Киев


Дар ҳоле ки ду тараф дар ҳоли барномарезӣ барои гуфтугӯи бештар ҳастанд, нерӯҳои Русия ҳамлаҳои шабонаи худро ба атрофи Киев афзоиш доданд ва талошҳои худро барои тасарруфи шаҳри бандарии муҳими Мариупол дар ҷануб бештар кардаанд.

Нерӯҳои Русия дар силсилае аз ҳамлаҳои шабонаи худ маҷмаи истиқоматиеро ҳадаф қарор доданд, ки боиси сӯхтор дар ин бино, воқеъ дар ғарби шаҳри Киев, шуд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Украина, дар ин ҳодиса ду нафар ҷон бохт ва 27 нафар наҷот дода шуд.

Артиши Украина дар баёнияе гуфтааст, ки нерӯҳои Русия минтақаи Ирпинро ҳадаф қарор доданд. Ин минтақа ахиран шоҳиди шадидтарин ҷангҳо будааст.

Мақомот Украина гуфтанд, нерӯҳои русӣ шаби гузашта ва субҳи барвақт минтақаҳои Буча ва Ҳостомелро ҳадаф қарор доданд. Артиши Украина ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои Русия ба шаҳри Харков воқеъ дар шарқи ин кишвар ҳамла карданд.

Мақомоти украинӣ дар шаҳри Мариупол, ки сокинони он бо камбуди маводи ғизоӣ, об ва дору рӯбарӯ ҳастанд, низ аз ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия хабар доданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, ки музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия рӯзи 15-уми март идома хоҳад ёфт. Зеленский дар як суханронии видеоӣ гуфт, ҳайати украинӣ дар ҷараёни музокироти рӯзи 14-уми март кори хубе анҷом дод. Ӯ ҷузъиёти бештаре ироа накард.

XS
SM
MD
LG