Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародару домоди Назарбоевро ба биткоинсозӣ муттаҳам карданд


Болат Назарбоев
Болат Назарбоев

Оҷонси мониторинги молии Қазоқистон мегӯяд, фаъолияти коргоҳҳои ғайриқонунии биткоинсозиро ошкор кардааст, ки ба Болат Назарбоев, бародари хурдии президенти пешин Нурсултон Назарбоев ва домодаш Кайрат Шарипбоев тааллуқ доранд.

Ба иттилои оҷонс, ба ҳайати муассисони коргоҳҳо тоҷирони маъруф ва мансабдорони баландпояи Қазоқистон шомиланд.

"55 биткоинсоз дар рафти бозҷӯӣ бо хоҳиши худ фаъолиятро бас карда, дастгоҳҳояшонро канданд. Он дубора роҳандозӣ карда намешавад. 51 ширкат ғайриқонунӣ кор мекарданд. Онҳо ба нерӯи барқ ғайриқонунӣ пайваст шуда, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ худдорӣ мекарданд. Барқи ҳамаи онҳо хомӯш карда шуд", - афзудааст манбаъ.

Дастгоҳҳо барои истихроҷи биткоин аз Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Гурҷистон, Сингапур ва Чин ба Қазоқистон ворид гаштаанд. Баъзе аз онҳоро бо роҳи қочоқ ворид кардаанд. Барои коргоҳе дар шаҳри Алмато аз Чин ба маблағи 2,8 миллиард танга чунин дастгоҳҳо аз роҳи қочоқ оварда шудааст.

Дар робита ба фаъолияти коргоҳҳои биткоинсоз 25 парвандаи ҷиноӣ боз ва ба маблағи беш аз 100 миллиард танга таҷҳизот мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG