Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз интихоботи президентӣ дар Туркманистон коргарони бахши газу нафтро ихтисор карданд


Дар корхонаҳои коркарди нафту газ дар Туркманистон ихтисори коргарон сурат гирифтааст. Ин ихтисор билофосила баъди баргузор шудани интихоботи президентӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манобеъ, ихтисори коргарон дар корхонаҳое низ сурат гирифтааст, ки ширкатҳои хориҷӣ дар он саҳм доранд.

Ин дар ҳолест, ки Сардор Бердимуҳаммадов - ба эҳтимоли зиёд президенти тозаинтихоби Туркманистон ва ҳамзамон писари президенти амалкунандаи он кишвар - дар барномаи интихоботиаш таъсиси ҷойҳои бештари кориро ваъда дода буд.

XS
SM
MD
LG