Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати корҳои хориҷии ИМА: Чин омодаи кӯмаки низомӣ ба Русия ҳаст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА бо ирсоли ҳуҷҷате ба ҳампаймононаш хабар додааст, ки Чин омода аст, ба Русия кӯмаки низомӣ расонад. Дар ин бора The Financial Times бо такя ба дипломатҳои амрикоӣ хабар медиҳад.

Расонаҳо рӯзи 13-уми март навишта буданд, ки Русия аз Чин дархости кӯмак кардааст. Аммо маълум нест, ки оё Чин дар фурсатҳои наздик кӯмак хоҳад расонд ё на.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии ИМА тасмим дорад, ин масъаларо дар мулоқот бо намояндаи вазорати корҳои хориҷии Чин Ян Тзечӣ дар Рим баррасӣ кунад. Салливан гуфт, чиниҳоро огоҳ мекунад, ки талоши кӯмак ба Русияро накунанд.

Дар сафорати Чин дар ИМА гуфтанд, дар бораи дархости кӯмаки Русия иттилое надоранд.

Ҳамлаи Русияро ба Украина расонаҳои Чин ба ҳар шакле бозтоби мусбат медиҳанд.

XS
SM
MD
LG