Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Украина


Фурудгоҳи Алмато, 14-уми марти 2022
Фурудгоҳи Алмато, 14-уми марти 2022

Қазоқистон ба Украина ҳамчун кумаки башардустона 28 тонна дору фиристодааст. Ин нахустин кумаки башардӯстонаи расмии Қазоқистон ба Украина мебошад.

Ба иттилои сомонаи фурудгоҳи шаҳри Алмато, ҳавопаймои ҳомили кумаки башардӯстона субҳи 14-уми март ба Украина парвоз кардааст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар додааст, ки 15-уми марти имсол низ як ҳавопаймои дигар ба Украина ёрии башардӯстона интиқол медиҳад. Вазорат афзуда, ки ин кумакҳо дар посух ба дархости мақомоти Украина расонида мешаванд.

"Ҷониби Қазоқистон барои интиқоли бехатари кумакҳои башардӯстона ба Украина бо ҳамсоякишварҳо ба созиш расидааст", - афзудааст манбаъ.

Пештар президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмониаш Франк-Валтер Штайнмайер гуфта буд, ки Нурсултон омодааст, ба Украина кумаки башардӯстона кунад.

XS
SM
MD
LG