Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Ифтихор Саидбеков дар Хоруғ. Фаъолон аз "фишор" мегӯянд, полис аз "авбошӣ"


Шаҳри Хоруғ

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) мегӯянд, намояндаҳои мақомоти умури дохила як узви  гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандиро боздошт карданд. 

Онҳо мегӯянд, Ифтихор Саидбековро ҳангоми убур аз роҳ дар постгоҳи БДА дар маҳаллаи Тирчиди Хоруғ дастгир карданд ва ҳадафи мақомот “фишор” ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Аммо раёсати умури дохилаи ВМКБ мегӯяд, Ифтихор Саидбеков бо он сабаб боздошт шуд, ки кормандони бозрасони автомобилиро дар постгоҳ “таҳқир кардааст”.

Гурӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ тирамоҳи порсол дар паи бӯҳрони навбатӣ дар ВМКБ таъсис шуд. Куштори як сокини маҳаллӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи қонун боиси эътирозву беназмиҳо шуд ва мақомот гуфтанд, ки ходимони ҳифзи қонун дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷамъиятӣ ин қазияро таҳқиқ мекунанд. Вале аз он замон то кунун фаъолони ҷамъиятӣ чандин бор аз маҳдуд будани ширкаташон дар таҳқиқот ва ҳам фишор шикоят мекунанд.

Ҳуқуқшинос Фаромуз Иргашев ҳам як узви ин гурӯҳи ҷамъиятӣ аст ва рӯзи 10-уми март ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки мақомот Ифтихор Саидбековро “дар вақти пиёда аз роҳ убур намудан дастгир кардаанд”. Ба гуфтаи Иргашев, “дар соати тақрибан 12 руз огоҳ шудем, ки ӯро боздошт карда бурдаанду латту куб кардаанд”. Вай гуфт, баъди ин ҳодиса 20 узви гурӯҳ ба унвонии ҳукумати шаҳри Хоруғ ва вилояти Бадахшон нома навишта, озод кардани Саидбековро талаб карданд. Ба гуфтаи Иргашев, имзогузорон гуфтаанд, ки агар ӯ озод карда нашавад, “даст ба гирдиҳамоӣ мезананд”.

Мақомоти ҳифзи қонун дар шарҳи сабабҳои боздошти Саидбеков далелҳои дигарро пеш меоранд. Аз ҷумла, Маркази матбуоти шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ рӯзи 11 март Саидбековро дар содир кардани “кирдорҳои авбошона” муттаҳам кард. Дар хабаре, ки дар вебсайти ВКД Тоҷикистон нашр шуд, гуфта шудааст, ки рӯзи 10-уми март Ифтихор Саидбекови 27-сола “дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кирдорҳои авбошона даст зада, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир намудааст”. Дар хабари мухтасар гуфта шудааст, ки ин сокини Хоруғ “барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ дастгир карда шуда, нисбати ӯ чорабиниҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад”.

Ин хабар дар ҳолест, ки ба ҳисобҳои аъзои гурӯҳи шаҳрвандии вилоят, дар давоми чор рӯзи гузашта “7 сокини маҳаллӣ” боздошт шудааст. Фаромуз Иргашев мегӯяд, ин боздоштҳо “аз 7-уми март то имрӯз дар маҳаллаҳои мухталифи Хоруғ” сурат гирифтааст ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ инро “фишор болои ин гурӯҳ” арзёбӣ мекунанд. Ӯ гуфт:

“Дастгир шудани Ифтихор Саидбеков фишор ба фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҳоло дигар тафтишоти муштарак пеш намеравад ва баръакс, аз тариқи шабакаи ТВ Бадахшон намояндаҳои гуруҳ танқид мешаванд”. Манзури ӯ таҳқиқи парвандаи куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар моҳи ноябр ва эътирозу беназмиҳои сокинон мебошад.

Пас аз марги Гулбиддин Зиёбеков сокини ноҳияи Роштқалъа дар амалиёти мақомоти интизомӣ сокинон чор рӯз эътироз карда буданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа ба арзи эътирозгарон расидагӣ карда, омилони марги сокини Роштқалъаро таҳқиқ мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG