Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мегӯяд, захмӣ шудааст. Мақомот мегӯянд, ба ҳаво тир холӣ карданд. САДО


Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 4-уми март иддао кард, ки дар тирпарронӣ дар Хоруғ аз дасташ захмӣ шудааст. Мақомоти корҳои дохилии вилоят тирпарронӣ ба сӯйи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва ҳамчунин захмӣ шудани ӯро рад карданд.

Маҳмадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҷумъа ҳангоми ҳаракат ба маркази Хоруғ дар яке аз дидбонгоҳҳо ба сӯяш ҳамла сурат гирифт. "Писарам низ дар мошин буд. Тир ба дасти ростам бархӯрд. Устухон зарар надидааст. Як духтури шинос ҷароҳатро баст," -- гуфт ӯ.

Маҳмадбоқиров гуфт, ба ӯ тир задаанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
Линки мустақим

Дар ҳоле ки қаблан Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон, гуфта буд, аз ҳодиса хабар надоранд, муовинаш Аъзам Толеъзода, ба Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо мошин омад, нозирони БДА манъ карданд, наистод, як тир ба ҳаво заданд. Тафтиш бурдем, захмӣ нашудааст, дурӯғ аст."

Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон афзуд, Маҳмадбоқиров тир нахӯрдааст ва дар манзилаш ба сар мебарад.

Мақомот хабари захмӣ шудани Муҳаммадбоқирро рад карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00
Линки мустақим

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба изҳороти нави мақомоти интизомӣ вокуниш накардааст, вале пештар гуфта буд, мардум дар назди хонааш ҷамъ омада буданд, вале хостааст, барои ин воқеа шуда даст ба ҳеч коре назананд ва "худаш ҳал мекунад". Маҳмадбоқиров мегӯяд, даъватҳо ба тазоҳуротро низ қатъиян рад кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба худсарӣ ва ҷиноятҳои гуногун гумонбар медонанд, аммо бахши васеъ аз мардуми минтақа ба ӯ эҳтиром доранд.

Додситонии вилояти Бадахшон бо гумони латукӯби мудири маорифи ВМКБ ба зидди Маҳмадбоқиров бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодааст. Раиси вилоят, Алишер Мирзонабот, 10-уми январи имсол дар ҷаласае ӯро "сардори гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ" номид, ки ба гуфтааш "монеи кори дурусти мақомот мешавад".

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ҳамеша унсури ҷиноӣ будани худ ва ҳамроҳонашро рад карда, даъватҳоро барои таслим шудан напазируфтааст. Вай рӯзи 4-уми март тасдиқ кард, ки борҳо ба ӯ аз ҷониби мақомот пешниҳод шудааст, худро таслим намояд, вале рад кард.

“Ба ман гуфтанд, ки таслим шавед, ҷарима мекунем ва пулро ҳам худамон месупорем. Қабул накардам. Ҳатто вохӯрӣ бо ягон генералро қабул накардам,” – афзуд ӯ.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябри соли 2021, ки дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифт, печида шудааст. Намояндагони Додситонии ҳарбӣ мегӯянд, рӯйдоди се моҳ пешро таҳқиқ доранд, аммо сокинон аз набудани Интернет, фишори афзоянда, теъдоди зиёди низомиён ва эҳтимоли баргузории амалиёт нигаронанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 64 ҳазор километри мураббаъ ҷойгир шуда, аз рӯи масоҳат минтақаи калонтарини Тоҷикистон аст. То оғози соли 2021 дар вилоят тақрибан 250 ҳазор кас зиндагӣ мекарданд. Бахши асосии аҳолӣ ба гуруҳи забонҳои помирӣ гап мезананд ва пайрави исмоилия, як равияи мазҳаби шиаи дини ислом ҳастанд. Вилоят бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон сарҳад дорад.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG