Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба бемористони Мариупол 17 кас захмӣ шуданд


Бинои бемористон
Бинои бемористон

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Русия дар шаҳри бандарии Мариупол як таваллудхона вайрон ва 17 нафар захмӣ шудаанд.

Дар ин бора мақомоти Украина хабар доданд ва ин амалро Амрикову Бритониё ва Ватикан маҳкум карданд.

Ҳамла ба таваллудхона баъди он рух дод, ки таъсиси гузаргоҳҳои амн барои тарки ғайринизомиён аз шаҳрҳои муҳосирашудаи Украина натиҷа надод ва мардум ҳамчунон дар ин шаҳрҳо бе маводи зарурӣ ва муҳтоҷ мондаанд.

Раиси маҷлиси шаҳри Мариупол гуфт, ки ҳамлаи Русия ба шифохона сабаби вайронии зиёд шуд. Презиент Владимир Зеленский ҳамларо “бераҳмӣ” хонд. Амрико истифодаи зӯр ба зидди ғайринизомиёнро “барбарона” номид.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, низомиёни Русия аз оғози ҳамлаи бесабаб ба Украина, дар ду ҳафтаи охир, ба 18 муассисаи тиббӣ ҳамла карданд.

XS
SM
MD
LG