Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон. АКС


Дар пайи боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ, нархи орд дар фурӯшгоҳҳои Душанбе дар муқоиса ба як рӯз пеш тағйир ёфта, арзиши як халтаи 50-килоии он аз 30 то 60 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ субҳи панҷшанбе дар бозори "Саховат"-и Душанбе нишон дод, ки дар якмаркаи савдои маводи мавриди ниёзи аввал як халта орди 50-килоӣ ба 290 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки нархи он рӯзҳои гузашта 260 сомонӣ буд.

Дар баъзе бозорҳои ноҳияҳои атрофи Душанбе як халта орди истеҳсоли Қазоқистонро ба 320 сомонӣ ва аз он боло мефурӯшанд. Ин навъи орд то дирӯз ба 270 сомонӣ ба фурӯш мерафт.

Аксҳои бештарро дар инҷо бинед:

Дар ҳамин ҳол, навбатпоии сокинон барои хариди орд дар шуморе аз бозорҳо идома дорад. Чанде аз сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, овозаҳо дар бораи боз ҳам боло рафтани нархи орд, онҳоро барои харидорӣ шитобзада кардааст.

Аммо иддае гуфтанд, ки шитоб надоранд ва умедворанд то чанд рӯзи дигар вазъ муътадил хоҳад шуд ва нигарониҳо бартараф мешавад. Бархе ҳам мегӯянд, тоҷирон аз вазъи ба миёномада суистифода карда, нархҳоро боло бурдаанд.

Мақомот то ба ҳол вазъро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

Орд яке аз маҳсулоти асосии мавриди ниёзи хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тағйирот дар бозори арз ва маҳсулоти Тоҷикистон баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омад. Дар ду ҳафтаи ҷанг қурби 1000 рубл аз 141 сомонӣ то 91 сомонӣ пойин омад. Дар ин муддат қурби 100 доллар ҳам аз 1130 сомонӣ то 1300 сомонӣ боло рафт. Тағйироте, ки дастикам аз соли 2014 ба ин тараф собиқа надоштааст.

XS
SM
MD
LG