Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА воридоти нафти Русияро таҳрим мекунад


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, Амрико ба воридоти нафти Русия ва маҳсулоти дигари энержии он кишвар таҳрим ҷорӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои нав фишорҳо болои Кремлро дар вокуниш ба ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина тақвият мебахшад.

Байден афзуд, ки тасмими Вашингтон як зарбаи сахти дигар ба раҳбарияти Русия хоҳад буд. "Мо ҷанги путиниро сармоягузорӣ нахоҳем кард", - изҳор дошт президенти Амрико.

Вай гуфт, маҳдудиятҳо зидди Русия боиси гароншавии маҳсулоти энергетикӣ дар ИМА хоҳад шуд, вале ваъда дод, ки дар ин замина тамоми чораҳоро меандешад.

Президенти ИМА аз тоҷирон даъват кард, ки ба якбора боло рафтани нархҳо иҷозат надиҳанд. Ӯ таъкид кард, ки мақомоти амрикоӣ бо ҳаннотон мубориза мебаранд.

Байден ҳамчунин аз ҳампаймонони аврупоии кишвараш даъват кард, ки ба таҳримҳо зидди Русия бипайванданд.

XS
SM
MD
LG