Cиёсатмадори зиндонӣ, Алексей Навалний, сокинони Русияро бори дигар ба тазоҳурот алайҳи ҳамлаи бесабаби Маскав ба Украина даъват кард. Ӯ гуфт, вокуниши русҳо ба ҷанг "ҷойгоҳи Русияро дар қарни 21-ум бештар муайян хоҳад кард."
Мунтақиди Кремлин рӯзи 8-уми март дар Твиттер навишт, "ҷунбиши зидди ҷанг дар ҷомеа бештар хоҳад шуд ва, бино бар ин, эътирозҳо набояд дар ҳеч сурат бас карда шаванд."
Навалнийро бо иттиҳоми қаллобӣ зиндонӣ кардаанд. Ҷонибдоронаш ва ҳомиёни ҳуқуқи ғарбӣ онро сохтаву бофта медонанд.
"Агар Путин бо ризоияти комили шаҳрвандони Русия сокинони Украинаро кушта ва зербунёдҳои муҳимро вайрон кунад, ин як чиз аст. Аммо агар иқдоми хунини Путин аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ наёбад, чизи дигар аст," -- афзуд ӯ дар Твиттер.
Навалний ҳафтаи гузашта ба тазоҳуроти ҳаррӯза алайҳи ҷанг дар Украина даъват карда буд.
Тибқи иттилои ОВД-инфо, аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал, беш аз 13 500 нафар барои эътироз алайҳи ҷанг дастгир шудаанд.