Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Байден ба Лаҳистон меравад


Камола Ҳаррис
Камола Ҳаррис

Муовини президенти Амрико ин ҳафта ба Лаҳистону Руминия рафта, бо мақомот дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина ва таъсири ҷанг ба минтақа суҳбат хоҳад кард.

Кохи Сафед гуфт, Камола Ҳаррис дар Варшава ва Бухарест масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва ёриҳои башардӯстонаро ба Украина баррасӣ мекунад.

Мақомоти Амрико мегӯянд, дар мулоқоти ноиби президент пуштибонии Иёлоти Муттаҳида аз ҳамсоягони Украина низ баҳс мешавад. Кишварҳое, ки аз фирориён пазироӣ ва ғамхорӣ мекунанд.

Сафари Камола Ҳаррис ба ду кишвари узви НАТО рӯзҳои 9-11-уми март сурат хоҳад гирифт.

Лаҳистон ба садҳо ҳазор украинӣ ва шаҳрвандони кишвари севум, аз ҷумла Тоҷикистон, ки аз ҷанг дар Украина фирор кардаанд, мадад мекунад.

Иёлоти Муттаҳида ҳафтаҳои охир ҳузури низомии худро дар Лаҳистон афзоиш дода, шумораи сарбозонашро ба 9000 нафар расондааст.

XS
SM
MD
LG