Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав гузаргоҳи амн боз мекунад, вале ба сӯи Русия ва Беларус


Ҷанг дар Украина садҳо ҳазор касро беҷо кардааст
Ҷанг дар Украина садҳо ҳазор касро беҷо кардааст

Русия рӯзи 8-уми гуфт, барои ғайринизомиёне, ки мехоҳанд, чанде аз шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киев ва Мариуполро тарк кунанд, дубора гузаргоҳи амн боз мекунад. Ҳарду шаҳр чанд рӯз аст, ки зери ҳамлаҳои сахти тӯпхонаҳои Русия қарор доранд.

Эълони Русия дар ин бора пас аз даври саввуми музокирот бо Украина садо дод. Як мақоми баландрутбаи Украина гуфт, дар масъалаи боз кардани гузаргоҳҳо пешрафти ночизе ба даст омадааст.

Бо назардошти бенатиҷа будани талошҳо барои роҳ додани ғайринизомиён ба минтақаҳои амн, бояд дид, ки оё ин навбат ҳам натиҷае медиҳад ё на.

Гузаргоҳҳоро дар шаҳрҳои Киев, Мариупол, Харков ва Суми боз мекунанд, вале ҳамаи роҳҳо ба самти Русияву Ҷумҳурии Беларус мебаранд ва Украина инро намехоҳад.

Суми дар наздикии марзи Русия, тақрибан 350-километрии шарқи Киев, ҷойгир аст.

Тақрибан 200 ҳазор кас умед доранд, ки аз Мариупол берун шаванд.

XS
SM
MD
LG