Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли мулоқоти вазирони умури хориҷии Украина ва Русия дар Туркия


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия.

Дмитрий Кулебо, вазири корҳои хориҷии Украина ҳам хабарҳо дар бораи дидори қарибулвуқӯи худ бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар Туркияро таъйид кард. Оқои Кулеба шоми душанбе дар як паёми видеоӣ гуфт, "феълан ин мулоқот барои 10-уми март барномарезӣ шудааст, бояд дид, агар ӯ ба Анталия биравад, ман ҳам хоҳам рафт. Бояд биншинем ва бо ҳам ҳарф бизанем".

Пеш аз ин Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия гуфта буд, ки ҷонибҳо дар Анталия бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Музокирот эҳтимолан бо ҳузури Човушоғлу ва ба шакли сеҷониба анҷом бигирад ва агар Лавров омодаи гуфтугӯи ҷиддӣ бошад, ду дипломат худ бо ҳам гуфтугӯ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG