Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Украина: Масъалаи ҳудуд монеи созиш бо Русия аст


Музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия
Музокироти ҳайатҳои Украина ва Русия

Узви ҳайати Украина дар музокирот бо Русия, раҳбари ҷиноҳи порлумонии Ҳизби "Хидматгори мардум", Давид Арахамия, гуфт, ягона масъалае, ки ҷонибҳо наметавонанд ба созиш бирасанд, ин эътирофи пайвастани Қрим ва истиқлоли ҷумҳуриҳои "мардумӣ"-и Донетск ва Луганск аст.

Арахамия ҳамчунин сарусадоҳоро дар бораи он ки гуё раҳбарияти Украина, аз ҷумла президент Владимир Зеленский аллакай кишварро тарк карда, дар Лаҳистон қарор дорад, шарҳ дод.

"Чанд рӯз пеш мо суҳбати ҷиддие доштем ва тасмим гирифтем, ки то охирин лаҳза дар Украина бимонем. Агар мо ҳалок шавем, рамзе хоҳем шуд ва боқии украиниҳо то охирин қатраи хуни худ мубориза хоҳанд бурд," -- изҳор дошт раҳбари ҷиноҳи "Хидматгори мардум".

Президенти Русия Владимир Путин ҳам дар навбати худ дар суҳбат бо раҳбарони Фаронса ва Туркия гуфт, Украина барои қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона бояд ҳамаи шартҳои Маскавро иҷро ва оташкушоиҳоро зидди сарбозони рус бас кунад.

XS
SM
MD
LG