Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду шаҳри Қирғизистон маркази муҳоҷирати Русия таъсис меёбад


Муҳоҷирони қирғиз дар Русия.
Муҳоҷирони қирғиз дар Русия.

Қарор аст, тобистони соли равон дар ду шаҳри Қирғизистон -- Ӯш ва Бишкек марказҳои муҳоҷирати Русия фаъолиятро шуруъ кунанд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ин масъала 4 март дар мулоқоти сардори Департаменти хадамоти консулии вазорат Алмос Имонғозиев бо раҳбарияти маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати "Сахарово"-и вилояти Москва баррасӣ шудааст.

Мулоқот дар доираи сафари расмии вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев ба Русия баргузор баррасӣ шудааст.

Пештар раиси порлумони Қирғизистон Талант Мамитов дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар шаҳри Москва пешниҳод карда буд, ки дар Бишкек маркази муҳоҷират таъсис шавад.

"Аз ҷониби Москва дархост мекунем, то бо дастгирии Бишкек маркази муҳоҷирати Русия дар Қирғизистон таъсис дода шавад, ки ба пайдо кардани ҷойи кор ва сари вақт гузаштани муҳоҷирони қирғизистонӣ аз расмиёти зарурӣ қабл аз вуруд ба Русия мусоидат кунад", - изҳор доштааст Мамитов.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, Володин гуфта, ки дархости мазкур баррасӣ ва ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG