Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти ҳамла ба масҷидро ба уҳда гирифт


Наздикони қурбониён. Пешовар, 4-уми марти 2022
Наздикони қурбониён. Пешовар, 4-уми марти 2022

Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамлаи хунин дар шаҳри Пешовари Покистонро ба уҳда гирифт.

Рӯзи 4-уми март, ҳангоми намози ҷумъа дар як масҷиди шиаҳо, таркиш рӯй дод. Бино ба гузоришҳо, 56 нафар кушта ва беш аз 200 кас захмӣ шуданд.

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ҳамлавари маргталаб бо мототсикл ба масҷид даромада, пеш аз инфиҷори бомба ба тарафи намозгузорон тир холӣ кард.

Пизишкон мегӯянд, вазъияти баъзе аз захмиён ташвишовар аст.

Даҳҳо кушта ва зиёда аз 200 захмӣ дар таркише дар масҷиди Пешовар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

XS
SM
MD
LG