Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 130 шаҳрванди дигари худро аз Украина баргардонд


Шаҳрвандони Қазоқистон баъди бозгашт аз Катовитсаи Лаҳистон. 4-уми марти 2022
Шаҳрвандони Қазоқистон баъди бозгашт аз Катовитсаи Лаҳистон. 4-уми марти 2022

Рӯзи 4-уми март гуруҳи севуми қазоқистониҳо, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия аз Украина ба Лаҳистон (Полша) фирор карда буданд, шаби 3 ба 4-уми март бо ҳавопаймо ба ватан баргардонда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии шаҳрдории Нурсултон, ҳавопаймо соати 21:55, ба вақти маҳаллӣ, аз шаҳри Катовитсаи Лаҳистон ба пойтахти Қазоқистон парвоз кардааст.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки дар миёни 133 нафари интиқолёфта ду шаҳрванди Қирғизистон низ буданд. Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, берунории шаҳрвандони худро аз Украина идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG